Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Си Ҷинпин ба Чин рафт
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16-уми май бо сафари давлатӣ ва ширкат дар Саммити сарони кишварҳои "Чин + Осиёи Миёна", ба Чин сафар кард.
Тибқи иттилои расмӣ, оқои Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент дар умури робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раисони КДАМ, телевизион ва радио, бехатарии озуқаворӣ, президенти Академияи миллии илмҳо, ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар ахбори расмӣ дар бораи барномаи сафари Эмомалӣ Раҳмон чизе гуфта нашудааст.
Аммо сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи 8-уми май гуфта буд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтоёнаш аз Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон бо даъвати Си Ҷинпин дар Пекин ҷамъ мешаванд. Ба қавли ӯ, сафари онҳо аз 16 то 20-уми майи имсол идома хоҳад кард.
Раисҷумҳури Чин моҳи март дар паёме ба муносибати ҷашни Наврӯз сарони кишварҳои Осиёи Марказиро ба сафари давлатӣ ба Пекин барои дидор ва иштирок дар нишасти "Чин ва Осиёи Марказӣ" даъват кард.
Дар номаи шодбошӣ гуфта шуда буд, ки дар нишаст "тарҳи бузург"-ро баррасӣ мекунанд.
Чин солҳои охир ба яке аз шарикон ва сармоягузорони асосии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон табдил шудааст. Бахши асосии қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳам аз ин кишвар аст. Чизе, ки мояи ташвиши фаъолону мунтақидон шуда.
Дар радабандии ширкати тайвании “DoubleThink Lab” дар мавриди таъсири Чин бар шарикони худ Қирғизистон бо гирифтани мақоми 8-ум ва Тоҷикистон мақоми 9-ум дар садри ҷадвал ҳастанд.