Таҳдиди мақомоти рус ба рэпсароҳое, ки ҳероинро тавсиф мекунанд
Кумитаи ҳифзи сиҳатии Думаи давлатии Русия дар ҷаласаи рӯзи сешанбеи 16-уми май ба вакилон тавсия дод, ки тарҳи қонун дар бораи манъи комили тарғиби маводи мухаддир ва таъйини ҷавобгарии ҷиноиву маъмуриро барои тарғиби он қабул кунанд.
Ҳангоми баррасии ин тарҳи қонун Игор Зубов, муовини вазири корҳои дохилии Русия гуфт, рэпсароҳое, ки маводи мухаддирро васф мекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.
"Бо рэпсароҳое, ки дар мавзуи маводи мухаддир суруд мехонанд, бояд суҳбат карда шавад. Агар онҳо ин кори худро идома диҳанд, маҷбур мешавем, ки ба ҷавобгарӣ ҷалб кунем. Бигзор омода шаванд. Аммо баъд аз соли 2024", - гуфт Зубов.
Зубов афзуд, ҷалбсозӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ танҳо бояд дар он сурате татбиқ карда шавад, ки шаҳрванд ду маротиба ва ё бештар аз он ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда бошад.
Тағйироти мазкур ҷавобгариро барои тарғиби маводи мухаддир тавассути интернет низ пешбинӣ кардааст.
Дар сурати қабули тағйирот, он аз 1 январи соли 2024 амалӣ мешавад.