Ҳуқуқшиноси қазоқ дар боздоштгоҳ гуруснанишинӣ эълом кард
Ҳуқуқшинос ва раҳбари боздоштшудаи иттиҳодияи "Мардум зидди фасодкорӣ" Аслан Утепов гуфт, аз 21-уми майи имсол гуруснанишинӣ эълом кардааст.
Ӯ гуфт, дар эътироз ба парвандае, ки алайҳаш боз шудааст, гуруснанишинӣ мекунад. "Ман се рӯз гуруснанишинӣ мекунам. Зидди раҳбарияти боздоштгоҳ ягон даъво ва шикоят надорам. Агар дар давоми гуруснанишинӣ бо ман ҳодисае рух диҳад, хоҳиш мекунам, афроди зерин ба ҷавобгарӣ кашида шаванд", - гуфтааст ӯ.
Ба гуфтаи Утепов, дар қазияи ӯ додситони вилояти Қазоқистони Ғарбӣ Сатбаев, додситон Семилидӣ, ки айбномаро зидди вай эълом кардааст ва додраси додгоҳи вилоятии Миниус айбдор ҳастанд.
Утепов аз додситони кулли Қазоқистон хостааст, ки қазияи ӯро таҳти назорати худ гирад.
Додгоҳи Урали Қазоқистон Аслан Утеповро дар қаллобиву даъват ба порадиҳӣ айбдор ва ду моҳ ҳабс кард. Тибқи иттилои “Уральская неделя”, муфаттишон иддао доранд, ки Утепов аз соҳибкори маҳаллӣ барои миёнаравӣ дар боз кардани дукони сабзавотфурӯшӣ 800 ҳазор танга (беш аз 1700 доллар) гирифтааст ва пеш аз соли нав боз 300 ҳазор тангаи дигар талаб кардааст.
Худи Утепов ин айбро рад карда, мегӯяд, пулис ва додситонии вилоят мехоҳанд, аз ӯ барои интиқодяҳояш "интиқом" гиранд. Шӯрои коршиносон дар Қазоқистон ӯро маҳбуси сиёсӣ эълом кардааст.