Вазорат гуфт, чиптаи консерти Юлдузро маҷбурӣ нафурӯхтаанд
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар вокуниш ба як матлаби Радиои Озодӣ гуфт, касеро барои харидани чиптаи консерти Юлдуз Усмонова дар шаҳри Ваҳдат маҷбур накардааст.
Рӯзи 22-юми май чанд пизишку омӯзгор аз шаҳри Ваҳдат шикоят карданд, ки онҳоро маҷбур кардаанд, ки чиптаи консерти Юлдуз Усмоноваро харанд.
Вазорат гуфтааст, масъули ташкили сафари ин ҳунарманд ба Тоҷикистон аст, аммо касеро ба харидани чиптаи консерт маҷбур накардааст.
Нархи чипта, ба гуфтаи ниҳод, 30 сомонӣ буда, фурушаш озод аст.
Пизишкону омӯзгорони Ваҳдат мегӯянд, вазорат хабар надорад ё дурӯғ мегӯяд, чун онҳо зери фишор чипта харидаанд.
Қарор аст, консерти ин овозхон шоми 23-юми май дар “Рӯзи ҷавонон” дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат баргузор шавад. Арзиши чиптаҳои ин маъракаро аз 30 то 50 сомонӣ нарх гузоштаанд ва бархе аз пизишкони Ваҳдат гуфтанд, онҳоро маҷбур кардаанд, ки 6 чиптаро бо арзиши 250 сомонӣ бихаранд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нархеро, ки Вазорати фарҳанг дар раддияаш навиштааст, танқид карда гуфтаанд, арзиши чипта то 400 сомонӣ аст.