Дар Белорус Роман Протасевичро афв карданд
Сармуҳаррири пешини расонаи мухолифи "NEXTA"-и Белорус Роман Протасевич, ки ахиран 8 сол аз озодӣ маҳрум гашта буд, афв шудааст. Дар ин бора хабаргузории "БелТА" иттилоъ додааст.
Додгоҳи шаҳри Минск ибтидои моҳи май Протасевичро дар "қасди ғасби қудрат дар Белорус ва ташкили ошӯбҳо" айбдор эълом кард. Додситонӣ барои ӯ даҳ соли зиндон талаб карда буд.
Додгоҳ ҳукми гумонбарони дигари парвандаро дар ғайбашон эълом кард. Степан Путило 20 сол ва Ян Рудик 19 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.
Роман Протасевич, блогнавис, муҳаррири пешини саҳифаи телеграмии NEXTA аз сӯи мақомоти Белорус 23 майи соли 2021 боздошт шуд. Мақомоти Белорус бо баҳонаи ин ки ҳавопаймои самти Афина-Вилнюс мингузорӣ шудааст, онро дар фазои Белорус маҷбур карданд, ки дар шаҳри Минск фуруд ояд. Ба ин тартиб, Протасевич боздошт шуд.