Шарти Пашинян барои хоки Озарбойҷон эътироф кардани Қарабоғ
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар як нишасти хабарӣ гуфт, Ереван омода аст қаламрави ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Куҳиро ҳамчун бахше аз Озарбойҷон эътироф кунад. Вале ба гуфтаи ӯ, Боку бояд амнияти арманиҳоро дар Қарабоғи Куҳӣ таъмин кунад.
Пашинян афзуд, ки Арманистон қаламрави Озарбойҷонро дар 86 ҳазору 600 километри мураббаъ бо шумули Қарабоғи Куҳӣ эътироф мекунад, дар сурате ки Боку қаламрави Арманистон будани 29 ҳазору 800 километри мураббаъро қабул кунад.
Вай изҳор дошт, ки амнияти арманиҳо бояд дар чаҳорчӯби гуфтугӯҳои Боку ва Степанакерт баррасӣ шавад. Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, бояд кафолатҳои байналмилалӣ дода шавад, ки ҳуқуқи арманиҳои Қарабоғи Кӯҳӣ "фаромӯш намешавад ва Озарбойҷон сиёсати "поксозии этникӣ"-ро идома намедиҳад".
Қарабоғи Кӯҳӣ минтақаест, ки ду кишвар онро моли худ медонанд. Солҳо боз муноқишаҳои хунин миёни ду кишвар дар ин минтақа сар мезанад ва ҳар бор, ҳарду кишвар дар сар задани низоъ якдигарро айбдор мекунанд.