Узбекистон содироти газро ба Чин дубора оғоз кард
Узбекистон содироти газро ба Чин дубора оғоз карда, дар моҳи апрели соли равон ба маблағи 40,5 миллион доллар ба он кишвар газ фурӯхтааст.
Расонаҳо бо истинод ба Раёсати гумруки Чин хабар додаанд, ки Узбекистон дар моҳи апрели имсол ба маблағи 40,47 миллион доллар ба ин кишвар газ фурӯхтааст.
Оҷонси омори Узбекистон хабар додааст, ки ҷамъан моҳи гузашта ба маблағи 90,5 миллион доллар аз ин кишвар ба хориҷ газ содир гаштааст. Манбаъ нагуфтааст, ки газ ба кадом кишварҳо содир карда шудааст.
Оҷонси омори Узбекистон қаблан хабар дода буд, ки дар моҳи ноябри соли гузашта аз ин кишвар ба Чин дар ҳаҷми 39,6 миллион доллар газ содирот шудааст. Аммо ҷониби Чин оморҳои дигарро пешниҳод кард.
Дар ноябри соли 2022 Чин хабар дода буд, ки дар ҳаҷми 114,2 млн доллар аз Узбекистон газ ворид кардааст.