Президенти Сингапур ба Тошканд сафар кард
Президенти Сингапур Ҳалима Яъқуб ҳамроҳи шавҳараш Муҳаммад Абдуллоҳ барои анҷоми сафари давлатӣ ба Узбекистон рафтааст.
Онҳо тавассути парвози муқаррарии ширкати ҳавопаймоии "Uzbekistan Airways" рӯзи сешанбе аз шаҳри Остонаи Қазоқистон ба шаҳри Тошканд сафар кардаанд.
Тибқи иттилои Хабаргузории "УзА", меҳмононро дар фурудгоҳи Тошканд муовини сарвазир Зулайхо Махкамова, вазири умури хориҷӣ Бахтиёр Саидов ва иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдори пойтахти Узбекистон Шавкат Умурзақов пешвоз гирифтаанд.
Ҳалима Яъқуб дар ҷараёни ин сафар, ки то 25 май идома мекунад, бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва мақомҳои дигари баландпояи ин кишвар мулоқот карда, дар маросими ифтитоҳияи ҳамоиши тиҷории ду кишвар иштирок хоҳад намуд. Ҳамчунин ба шаҳри Самарқанд низ хоҳад рафт.
Ин сафари Ҳалима Яъқуб сафари ҷавобӣ аст. Мирзиёев моҳи январи имсол бо сафари давлатӣ ба Сингапур рафта буд.