Додгоҳ қарор кард ба собиқ нахуствазири Гурҷистон $926 млн. пардохт шавад
Бо як қарори додгоҳи Сингапур ба бонки Credit Suisse амр дода шуд, ки ба собиқ нахуствазири Гурҷистон Бидзина Иванишвили 926 миллион доллар пардохт шавад. Ин маблағ бояд чун ҷуброни аз даст додани як қисми дороиҳояш пардохт шавад. Ин яке аз азимтарин қарорҳои додгоҳӣ аст, ки зидди як бонк содир мешавад. Додгоҳи байналмилалии тиҷоратии Сингапур гуфт, ки намояндагии Credit Suisse ноҳақ рафтор кард ва аз ҳифзи сарвати Иванишвилӣ сарфиназар намуд. Ин як зарбаи дигаре ба бонки пури мушкил аст, ки зери назари UBS гузаштааст. Credit Suisse гуфт, ки аз болои ин ҳукм шикоят хоҳад кард.