Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Май
2023

Чор моҳи манъи дидор бо Бузургмеҳр Ёров. Додгоҳе дар Тоҷикистон парвандаи навбатиро ба баррасӣ гирифт

0
Чор моҳи манъи дидор бо Бузургмеҳр Ёров. Додгоҳе дар Тоҷикистон парвандаи навбатиро ба баррасӣ гирифт

Пайвандони Бузургмеҳр Ёров, адвокати зиндонии тоҷик мегӯянд, баъди оғози парвандаи нав ва чаҳорум алайҳӣ ӯ ва ирсоли як нома аз зиндон аз моҳи январ ба ин сӯ ӯро дигар надидаанд ва аз ҳолаш хабари дақиқ надоранд. Охирин бор ӯ моҳи январи имсол бо пайвандонаш дар зиндон мулоқот доштааст. Баъд аз ин наздиконаш аз оғози парвандаи чаҳорум нисбати ӯ ва ин бор бо “ҷурми” қаллобӣ хабар доданд.

Ҳуриниссо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёров рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, вакили дифои ӯ ахиран барояшон хабар додааст, ки парвандаи адвокати зиндонӣ барои муҳокима ба додгоҳ ирсол шудааст. Ин вакили дифоъро барои намояндагӣ аз ҳуқуқи Бузургмеҳр Ёров давлат таъин карда буд. Вай гуфтааст, масъулияташ анҷом ёфт ва дигар аз ҳаққи Бузургмеҳр Ёров ҳимоя намекунад.

Ҳуриниссо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёрови 52-сола ва маҳкумшуда ба 28 соли зиндон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Адвокаташ занг заду гуфт, ки парвандааш ба додгоҳ фиристода шуд, вале нагуфт ба кадом додгоҳ. Пурсидем, ки “акнун чӣ мешавад?”,  гуфт, ки ӯ то анҷоми тафтишот бо парванда машғул буд ва акнун, ки ба додгоҳ фиристода шуд, «дигар ҳимоят нахоҳад кард”. Ӯ дигар ба зангҳои мо ҷавоб ҳам надод”, – гуфт Ҳуриниссо Исҳоқова.

Бузургмеҳр Ёров соли 2015 дастгир ва ба иттиҳоми қаллобӣ, сохтакорӣ ва таҳқири намояндаи ҳокимият ба 28 сол зиндон маҳкум шуд. Худаш мегӯяд, гуноҳ надорад. Ҳомиёни ҳуқуқ Ёровро зиндонии сиёсӣ меноманд ва аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, ки озод шавад.  Вале   будани зиндониҳои сиёсиро дар кишвар рад мекунанд.  

Ба гуфтаи пайвандон, Бузургмеҳр Ёров баъди нигаҳдорӣ дар зиндони шаҳри Ваҳдат ба Боздоштгоҳи рақами яки воқеъ дар шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст, вале ба ҷуз ин ки барояш ғизо мебаранд, аз ҳолаш ҳеҷ хабаре надоранд. Масъулони ин боздоштгоҳ дар Душанбе ба зангҳои Радиои Озодӣ посух надоданд ва мақомоти тафтишотии Вазорати умури дохила ҳам аз посух ба суолҳои мо худдорӣ карданд.

Парвандаи нав ва чаҳорум нисбати Бузургмеҳр Ёров  аз тарафи Раёсати тафтишотии ВКД ва бар асоси шикояти як маҳбуси зиндони шаҳри Ваҳдат боз шудааст. Ба қавли наздиконаш, Бузургмеҳр Ёров дар як нома аз зиндон ҷузъиёти парвандаро шарҳ дода, аз тафтишот хоста буд, ки ӯро бо маҳбуси даъвогар Ҳасан Ҳасанов рӯбарӯ кунанду ба наздиконаш ҳамчун шоҳид иҷоза диҳанд, ки дар рафти тафтишот ширкат намоянд.

Мақомоти тафтишот ба ин иҷоза надодааст. Пайвандони адвокати зиндонии тоҷик гуфтанд, баъди расонаӣ шудани ин нома, ӯро барои ду ҳафта ба утоқи ҷаримавӣ ё ШИЗО интиқол доданд. Ҳоло, ба гуфтаи наздикон, ӯ раҳо шуда, дар Боздоштгоҳи мувақатӣ қарор дорад.





Губернаторы России
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» правит миром, расшифровал «ДНК В.И.Ленина», отменяет налоги. И… отключает институты времени. Разгадка «научных теорий заговоров».


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как можно посетить экскурсии в зданиях посольств разных стран



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Любовь Успенская

Адвокат Добровинский: сторона Успенской раздражала суд доводами против Киркорова




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Анонс выпуска городской газеты «Деловой Новочеркасск» №17 (185)

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро


WTA

Анастасия Потапова вышла во второй круг турнира WTA-1000 в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Арцах

Армяне в Великой Отечественной войне: Иван Георгиевич Магакьян



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России