Тоҷикистон ҳамоно дар садри омори гирифторӣ ба сурхакон дар ҷаҳон
Тоҷикистон бо 610 ҳолати тасдиқшудаи гирифторӣ ба сурхакон як моҳ ба ин сӯ дар садри омори гирифтории аҳолиаш ба ин навъи бемории сироятӣ қарор дорад. Ахиран мақомот дар Бритониё ба сокинони ин кишар машварат доданд, ки пеш аз сафар ба Аврупо ва Осиё хатари паҳншавии ин бемории сироятиро ба эътибор бигиранд.
Ба иттилои дафтари аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар 17 кишвари қаламрави Авруосиё ҳолатҳои гирифторӣ ба сурхакон ба қайд гирифта шудааст. Дар ин омор Тоҷикистон (610 ҳолат), Туркия (466) ва Русия (414) бештарин ҳолатҳои олудагиро доштаанд. Доктор Жозе Ҳаган, як масъули СҶТ гуфтааст, “ҳамаи ин кишварҳо ва ҳам онҳое, ки сурхаконро решакан кардаанд, бояд тадбирҳои пешгирӣ аз паҳншавии ин бемориро роҳандозӣ кунанд”.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон моҳе пеш гуфт, ки сабаби бурузи ин бемории сироятӣ аз эмкунини саривақтии кӯдакон худдорӣ кардани волидон мебошад. Сурхакон, ки бемории сангини сироятӣ ба ҳисоб меравад, бо таби баланд ва пайдоиши доначаҳои сурхи обиладор дар бадани инсон аз худ дарак медиҳад. Дар бархе ҳолатҳо бо марги инсон меанҷомад.
Роҳи муҳими пешгирӣ аз ин беморӣ эмкунии саривақтии кӯдакон аз рӯи ҷадвали таъинкардаи табибон мебошад.