Сафорат: 57 тан аз боздоштшудаҳо муҳоҷирони тоҷик буданд
Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Русия, аз 150 нафаре, ки субҳи 30-юми май дар маҳаллаи наздик ба метрои Митинои Маскав дастгир шудаанд, 57 нафарашон муҳоҷирони тоҷик будаанд. Сафорат мегӯяд, айни ҳол 20 нафари онҳо озод шуда, тафтиши ҳуҷҷатҳои будубоши муҳоҷирони боқимонда идома дорад.
Пулиси минтақа ба намояндагони сафорат гуфтааст, ки пас аз анҷоми тафтиши ҳуҷҷатҳои боздоштшудаҳо, онҳо тибқи муқаррарот озод хоҳанд шуд. Дар миёни боздоштшудаҳо шаҳрвандони дигар кишварҳо низ будаанд.
Муҳоҷирони тоҷик бо фиристодани навор ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки онҳоро аз хоб бедор карданд ва дар чор автобус ба Шуъбаи пулиси ноҳияи Митино бурданд. Муҳоҷирон гуфтанд, онҳо дар ширкати сохтмонии Пик дар наздикии метрои Митинои Маскав кор мекарданд ва ҷойи хобашон низ онҷост.
Ба гуфтаи бархе аз муҳоҷирони боздоштшуда, пулис онҳоро барои гуё мувофиқ набудани санадҳои будубошашон дар макони иқомат 5 ҳазор рубли ҷарима кардааст. Мақомоти Русия ҳодисаро шарҳ надоданд.
Дар чанд рӯзи охир боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзудааст. Ҳафтаи гузашта дар шаҳраки Котелники садҳо муҳоҷири тоҷикро дастгир карданд. Маъмурони ОМОН, нерӯҳои вижаи пулиси Русия, беш аз сад донишҷӯйи тоҷики донишгоҳи Амурро заданд. Сафорати Тоҷикитон дар Русия гуфт бо ин гуруҳи донишҷуён мулоқат карда ба онҳо кумак кардааст.