Шавкат Мирзиёев номзади интихоботи президентӣ шуд
Ҳизби либерал-демократии Узбекистон рӯзи 30-юми май президенти амалкунандаи Узбекистон Шавкат Мирзиёевро дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ номзад кард.
Мирзиёев пеш аз номзад шуданаш дар ҷаласаи ҳизб суханронӣ ва аз панҷ самти асосии барномаи интихоботиаш ном бурдааст.
Аз ҷумла дар бораи "тарҳҳои бузург" дар бахши саноат, таъсиси Оҷонси миллии ҳифзи иҷтимоӣ, афзоиши истеҳсоли мошин то 1 млн адад суханронӣ кардааст.
Шавкат Мирзиёеви 66-сола, президенти ҳозираи Узбекистон ба даври дувуми панҷсолаи президентӣ соли 2021 интихоб шуда буд. Пирӯзӣ дар интихоботи пеш аз муҳлат дар соли ҷорӣ ба вай имкон медиҳад, ки 14 соли дигар сари қудрат бимонад.
Мирзиёев баъд аз марги президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов дар соли 2016 ҷилави ҳукуматро ба даст гирифт.