Барои латукӯби сарбозони тоҷик 8 касро зиндонӣ карданд
Додгоҳи олии Тоҷикистон як афсар ва ҳафт сарбози собиқро ба латукӯби наваскарон дар қисми низомии Нерӯҳои марзбонии КДАМ гунаҳкор кард. Як афсару се сарбози собиқ 11-унимсолӣ ва чаҳор нафари дигар 9-унимсолӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд.