Мақомоти Русия видеои латукӯби як тоҷикро дар мактаб месанҷанд
Кумитаи тафтишотии Русия ба таҳқиқи наворе сар кардааст, ки дар он хонандагони як мактаб ҳамдарси тоҷики худро мезананд. Навор дар яке аз мактабҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия сабт шудааст.