Чаро "қаҳрамон"-ҳои "Диссернет" дар Тоҷикистон болотар мераванд?
Мансаби нави баъзе аз "қаҳрамон"-ҳои пойгоҳи "Диссернет" дар Тоҷикистон ин суолро пеш овардааст, ки чаро бар хилофи тасаввури ҷомеа онҳо ҳамоно мақомҳои баландтар мегиранд? Дар ҳоле ки дар кишварҳои дигар пас аз ифшои мавридҳои асардуздӣ ё худи ин чеҳраҳо истеъфо медиҳанд ва ё онҳоро меронанд.