"Tik-Tok" монад ё баста шавад?
Бархе кишварҳо дастрасӣ ба шабакаи TikTok-ро манъ карданд ва бархеи дигар қасд доранд онро маҳдуд кунанд. Ҷонибдорони маҳдудсозӣ мегӯянд, ин шабака ба амнияти миллии онҳо хатар дорад. Дар Тоҷикистон ҳам ҳаводорони TikTok кам нестанд. Радиои Озодӣ аз сокинон пурсид, ки назарашон ба ин шабака чист?