"Салом, хоҳар": Занон дар Тоҷикистон кадом корҳоро (на)кунанд?
Оё занон метавонанд кӯҳкан бошанд, зери замин нақб кананд ва ё дар корхонаи истеҳсоли маводи кимиёӣ кор кунанд? Ҳамин масъала солҳо боз дар Тоҷикистон ҳаст, вале шаш моҳ пеш дигарбора доғ шуд. Замоне ки мақомоти Тоҷикистон ҷалби занонро ба 194 навъи кор манъ карданд.