Муҳлати ҳабси Исломов, писаронаш ва як қирғизистонӣ дар Русия дароз шуд
Додгоҳи ноҳияи Басманнии Маскав рӯзи 17-уми май муҳлати ҳабси Исроил Исломови 62-сола ва писаронаш Аминҷону Диловарро, ки дар пайванд ба ҳодисаи "Крокус" дастгир шудаанд, то 22-юми август дароз кард. Айни қарор нисбат ба шаҳрванди Қирғизистон Алишер Қосимов содир шуд.