Тоҷикистон дари як бозори марзиро ба рӯйи афғонистониҳо боз кардааст
Ҳукумати Тоҷикистон ҳар ҳафта ба гурӯҳе аз сокинони Афғонистон иҷоза медиҳад, ки вориди чанд ноҳияи сарҳадии Тоҷикистон шуда, тиҷорат кунанд. Афғонистон зиёда аз се сол боз зери идораи “Толибон” аст. Гурӯҳе, ки Тоҷикистон созмони террористӣ медонад ва ҳукуматашро ба расмият намешиносад.