Ҷанҷолу хунрезӣ, интиқоли қудрат ва интихоботи бе рақобат. Як соли Осиёи Марказӣ
Соли 2022 дар аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба як давраи низоъ ва хунрезӣ табдил ёфт. Низом ё режимҳои авторитарии минтақа бо чолишҳои наву ҷиддӣ рӯбарӯ шуда, бо усулҳои кӯҳна мушкилоти сиёсиро ҳал карданд. Интихоботи сохта гузаронданд, гӯшу шиками мардумро бо ваъдаҳои хушку холӣ пур карданд.