"Ришвахорӣ"-и устодони донишгоҳ баҳс барангехт. ВИДЕО
Мақомоти тафтишотӣ ва қудратии вилояти Суғд мегӯянд, дар як соли ахир аз ҳама бештар мавридҳои ришваситонии омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ба қайд гирифтаанд.
Мақомоти тафтишотӣ ва қудратии вилояти Суғд мегӯянд, дар як соли ахир аз ҳама бештар мавридҳои ришваситонии омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ба қайд гирифтаанд.
Мақомоти тафтишотии Суғд дар як соли ахир аз ҳама бештар мавридҳои ришваситонии омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ба қайд гирифтаанд. Қисме аз онҳо бо ҷарима аз ҷавобгарӣ озод шудаанд ва чанде ҳам маҳбусанд. Аюб Усмонзода, ректори донишгоҳ даст ба ҷиноят задани кормандонашро рад мекунад.
Дар ҳоле ки нигаронии созмонҳои байналмилалӣ ва фаъолони ҷомеа аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бештар садо медиҳад, Омбудсмени тоҷик баръакс мегӯяд, дар соли 2023 вазъи риояи ҳуқуқи башар дар кишвар беҳтар шудааст.
Абдуррашид Дӯстум, ҷангсолори узбектабор ва собиқ сиёсатмадори Афғонистон, ки як узви эътилофи Шӯрои олии муқовимати миллӣ мебошад, гуфт, ҷангиёни ӯ омода ҳастанд зидди Толибон биҷанганд. Ӯ, ки дар ҷаласае ба муносибати дусолагии ишғоли қудрат дар Афғонистон аз ҷониби Толибон сӯҳбат мекард, гуфт, ҳар вақте ки ҷаҳон ба хулосае биёяд, ки бо ин гурӯҳи тундрав кор карда наметавонад, ҷангиёни ӯ ба амал омода ҳастанд. Дӯстум гуфт, ки Толибон ба ҳеҷ як пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ омодагӣ нишон намедиҳанд.... Читать дальше...
Як таблиғгари Кремлин, ки бо изҳороти султаҷӯёнааш маъруф аст, шарти “азхудкунии забони русӣ” ва “қабули дини провославии масеҳиро” барои тоҷикон зарур шумурдааст.
Дар мусобиқоти байналмилалии “Zagreb Grand Prix 2023”, ки имрӯз, 18-уми август, дар шаҳри Загреби Хорватия оғоз ёфт, паҳлавони тоҷик Обид Ҷебов ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.
Дар Тоҷикистон нархи маводи сӯзишворӣ гаронтар шудааст. Аз ҷумла арзиши гази моеъ дар вилояти Суғд то ба 5 сомониву 30 дирам ва дар шаҳри Душанбеву вилояти Хатлон ба 5 сомониву 50 дирам баробар шудааст. Дар ҳоле, ки ҳафтаи пеш нархи як литри ин навъи маводи сӯхт 4 сомониву 80 дирам буд. Дар нархи бензин ҳам то андозае тағйирот ба чашм мехӯрад. Бензини навъи 92 наздики 10 сомонӣ ва навъи 95 аз 10,20 сомонӣ то 10,40 сомонӣ расидааст. Соҳибкорон болоравии нархро ба давлатҳои истеҳсолкунанда рабт медиҳанд. Читать дальше...
Бино ба гузориши расонаҳои чинӣ, қарор аст Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо як ҳайати расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кунад.
Бо кӯмаки USAID ва дар ҳамкорӣ бо ширкати "Помир Энержӣ", дар ноҳияи баланкуҳи Мурғоб як нерӯгоҳи барқи офтобӣ ба фаъолият оғоз кардааст. Дар маросими ифтитоҳи ин нерӯгоҳ Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер, мақомоти ҳукумати Тоҷикистон, масъулини USAID ва ширкати "Помир Энержӣ" иштирок кардаанд. Иқтидори ин нерӯгоҳ дар Мурғоб, ки бо системаи батарея фаъолият мекунад, 1,2 МВт/соат, мебошад. Қаблан чунин система аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуд буд, ки иқтидори он аз 200 кВт то 800 кВт буд. Читать дальше...
Ду ҳафта баъд дар Тоҷикистон соли нави таҳсил шуруъ мешавад. Барои ҳамин ин шабу рӯзҳо волидайни хонандагон серташвишанд ва барои фарзандонашон либоси мактабӣ мехаранд. Шикоятҳо аз гарон будани либоси мактабӣ ва паст будани сифати он кам нест.
Ду ҳафта баъд дар Тоҷикистон соли нави таҳсил шуруъ мешавад. Ин шабу рӯзҳо волидайни хонандагон серташвишанд ва барои фарзандонашон либоси мактабӣ мехаранд. Шикоятҳо аз гарон будани либоси мактабӣ ва паст будани сифати он кам нест. Мо дар хиёбонҳои Душанбе аз сокинон дар ҳамин бора пурсидем.
Қазоқистон шабакаи телевизионии таблиғотиии "Царьград"-и Русияро, ки ба олигархи рус Константин Малофеев тааллуқ дорад, масдуд кард. Дар ин бора "Masa.media" бо истинод ба Вазорати иттилоот ва рушди иҷтимоии Қазоқистон хабар додааст. Мақомоти Қазоқистон қаблан "Царьград"-ро чаҳор бор барои пахши гузоришҳои "ифротгароӣ, аз ҷумла гузорише бо унвони “Миллатгароҳои қазоқ занони русро дар остонаи Рӯзи Ғалаба террор мекунанд” ҳушдор дода буданд. Масъулони хадамоти "Kaz Blocking Tracker", ки маҳдудияти... Читать дальше...
Дар натиҷаи сӯхтор дар шахтаи "Казахстанская"-и вилояти Қарағанда як нафар ҷон бохта, 8 конкан осеб дидааст. Тибқи фарзияи расмӣ, сӯхтор дар кони "Казахстанская" дар натиҷаи оташ гирифтани тасмаи "конвейер" ҳангоми коркарди ангишт сар задааст. Дар умуми замони рух додани ҳодиса 222 кас дар дохили шахта қарор доштанд. Ба иттилои мақомоти қазоқ, сӯхтор дар шахтаи мазкур ҳанӯз ҳам пурра хомуш карда нашудааст. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дастур дода, ки ҳодиса ҳамаҷониба таҳқиқ карда шавад. Читать дальше...
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости