Дар Олимпиадаи наврасон дар Аргентина 3 варзишгари тоҷик рақобат мекунад
Дар Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон, ки аз 6-ум то 18-уми октябр дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина баргузор мешавад, Тоҷикистонро се варзишгар – Сулаймони Ҷамшед, Бежан Файзуллоев ва Анастасия Тюрина - намояндагӣ мекунанд.