Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2018

Новости за 05.10.2018

ИМА ба нирӯҳои Тоҷикистон беш аз 8 млн доллар кумак кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Амрико ба мақомоти амниятӣ ва нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба маблағи беш аз ҳашт миллион доллар таҷҳизот дод ва гуфт, ки ин техникаҳо дар мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи маводи мухаддир истифода хоҳад шуд.

Ҳаяҷону интизории тоҷикон аз рақобати Ҳабиб ва Макгрегор

Ozodi.org 

То баргузории муҳорибаи моҷаробарангези Ҳабиб Нурмагомедов ва Конор Макгрегор дар Лас-Вегаси Амрико рӯзҳои башумор мондааст. Вале ҳазорҳо километр дуртар аз макони муҳориба -- дар Тоҷикистон ҳам садҳо ҳавохоҳи ин рақобат дасту панҷа нарм кардаанд ва барои тамошои ин сабқат омодагӣ мегиранд.

Амрико ба нирӯҳои Тоҷикистон беш аз 8 миллион доллар кумак кард

Ozodi.org 

Амрико ба мақомоти амниятӣ ва нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба маблағи беш аз ҳашт миллион доллар таҷҳизот дод ва гуфт, ки ин техникаҳо дар мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи маводи мухаддир истифода хоҳанд шуд. Маросими тақдими таҷҳизоти низомӣ рӯзи 5-уми октябр дар як қисми ҳарбӣ, воқеъ дар маҳаллаи "Полтехникум"-и пойтахт, сурат гирифт.



Хабарнигори Озодӣ “облава”-ро таҷруба кард

Ozodi.org 

Рӯзи 5-уми октябр хабарнигори Радиои Озодӣ Муллораҷаб Юсуфӣ аз тарафи кормандони комиссариати ҳарбӣ иҷборӣ ба идораи комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурда шуд.

Дар садамаи Твер дастикам 13 нафар ба ҳалокат расид

Ozodi.org 

Бар асари садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Твер, воқеъ дар 180 километрии шимолу ғарби Маскав,  дастикам 13 нафар ба ҳалокат расид. Вазорати фавқулоддаи Русия ва ҳукумати маҳаллӣ рӯзи 5 октябр гуфтанд, ки мусофирони минибаси Ford дар натиҷаи бархурд бо автобуси LIAZ дар шоҳроҳ кушта шуданд. Дастикам 17 нафари дигар маҷруҳ шуд ва бархе ҳам ба бемористон интиқол ёфтанд. Гурӯҳи наҷот ва волии минтақаи Твер Игор Руденя ба ҷойи ҳодиса рафтанд.

Рақобати Ҳабиб ва Макгрегор – ҳаяҷону интизорӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

То баргузории муҳорибаи моҷаробарангези Ҳабиб Нурмагомедов ва Конор Макгрегор дар Лас-Вегаси Амрико рӯзҳои башумор мемонад, вале ҳазорҳо километр дуртар аз макони муҳориба -- дар Тоҷикистон ҳам садҳо ҳавохоҳи ин рақобат дасту панҷа нарм кардаанд ва барои тамошои ин сабқат омодагӣ мегиранд.

Рақобати Ҳабиб ва Макгрегор – ҳаяҷону интизорӣ дар Тоҷикистон. 2 ВИДЕО

Ozodi.org 

То баргузории муҳорибаи моҷаробарангези Ҳабиб Нурмагомедов ва Конор Макгрегор дар Лас-Вегаси Амрико соатҳои башумор мондааст. Ҳазорҳо километр дуртар аз макони муҳориба -- дар Тоҷикистон ҳам садҳо ҳавохоҳи ин рақобат дасту панҷа нарм кардаанд ва барои тамошои ин сабқат омодагӣ мегиранд.

Доғистон мунтазири пирӯзии Нурмагомедов аст

Ozodi.org 

Рақобати Ҳабиб Нурмагомедов ва Конор Макгрегор дар мусобиқаи UFC ба вақти Лас-Вегас шомгоҳ рӯзи 6-уми октябр ва ба вақти Русия ва Тоҷикистон – субҳи 7-уми октябр баргузор мешавад. Ҳазорон нафар дар Доғистон -- зодгоҳи Ҳабиб мунтазири пирӯзии ин ҳамватани худ дар ин сабқат ҳастанд.



Шӯрои уламо: “Пайравӣ аз ҲНИТ хилофи шариати Ислом аст”

Ozodi.org 

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як муроҷиатнома пайравӣ аз ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро "хилофи шариати Ислом" донистааст. Фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ соли 2015 ба дунболи ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ манъ шуд. Раҳбарияти ҳизб чунин тасмимро дорои ангезаи сиёсӣ дониста, ҳама гуна иттиҳомро дар мавриди даст доштан дар ошӯби соли 2015 ва ҳамчунин ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар моҳи июли имсол рад кардаанд. Бино ба муроҷиатномае, ки рӯзи ҷумъаи... Читать дальше...

Фатвои Шӯрои уламо: “Пайравӣ аз ҲНИТ хилофи шариат аст”

Ozodi.org 

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон алайҳи ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ фатво дода ва пайравӣ аз онро “хилофи шариати Ислом” донистааст. Фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ соли 2015 ба дунболи ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ манъ шуд. Раҳбарияти ҳизб чунин тасмимро дорои ангезаи сиёсӣ дониста, ҳама гуна иттиҳомро дар мавриди даст доштан дар ошӯби соли 2015 ва ҳамчунин ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар моҳи июли имсол рад кардаанд. Бино ба фатвое, ки рӯзи ҷумъаи 5-уми... Читать дальше...

Ёдгор Файзов: "То 15 октябр ҳамаи силоҳро аз гурӯҳҳо мегирем" САДО

Ozodi.org 

Ёдгор Файзов – иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Бадахшон – гуфт, дар мулоқот бо ӯ баъзе аз пешвоҳои ғайрирасмии Хоруғ ваъда додаанд, ки ба маъракаи супурдани силоҳ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳм хоҳанд гузошт.

Президенти Тоҷикистон бо нахуствазири Япония мулоқот кард

Ozodi.org 

Дар шаҳри Токио рӯзи 5 октябр дар поёни  музокироти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва  нахуствазири Япония Синдзе Абэ маросими имзои чанд санад баргузор шуд. Вебсайти президенти Тоҷикистон навишт, ки  ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Япония  чанд санадро ба имзо расониданд, аз ҷумла:  Барномаи ҳамкории байни вазоратҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2019-2021; Ёддошти табодулӣ вобаста ба лоиҳаи “Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ” (лоиҳаи JDS); Созишномаи грантии... Читать дальше...

Русия иттиҳоми ташкили ҳамлаҳои ҳакерӣ дар ҷаҳонро рад мекунад

Ozodi.org 

Намояндагони идораҳои расмии Русия иттиҳоми ҳамлаҳои ҳакерӣ дар саросари ҷаҳонро рад мекунанд. Раҳбари Шӯрои федератсияи Русия Валентина Матвиенко рӯзи 5 октябр ин айбномаро "фейк" ё "дуруғ" унвон кард. "Инҳо бояд ҳар рӯз таҳдиди Русияро таъкид кунанд ва ҳар рӯз дар зеҳни бошандагони ғарб андешаи таҳдиди Русияро ҷой кунанд, барои ҳамин ҳар рӯз ба пахши хабарҳое идома медиҳанд, ки сохта ва дуруғ буданашон аён аст",- гуфт "Интерфакс" аз қали Матвиенко. Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков дар шарҳи иттиҳоми... Читать дальше...

Тақдими кӯмакҳои ИМА ба нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон

Ozodi.org 

Дар Душанбе рӯзи 5 октябр маросими тақдими муҳимот ва мошинҳои низомӣ ба Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон бо ҳадафи истифода дар ҳимояти марз  баргузор шуд. Ин кӯмакҳо бо арзиши 8 миллион   доллар дар маросиме бо ширкати кордори сафорати ИМА дар Душанбе Кевин Коверт, раиси КДАМ-и Тоҷикистон Саймӯъмин Ятимов ва фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ баргузор шуд. Мақомоти сафорати ИМА мегӯянд, ки ин кӯмакҳо ба хотири кӯмак ба Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, қочоқи... Читать дальше...

Амрико ба марзбонони тоҷик дар ҳаҷми $8 млн таҷҳизот дод

Ozodi.org 

Сафорати Иёлати Муттаҳидаи Амрико ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ҳаҷми 8 миллион доллар, таҳҷизот тақдим кард. Кевин Коверт, кордори сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 5-уми октябр дар сафҳаи Фейсбук"-и худ навишт, ки ин таҳҷизот аз мошинҳо ва васоили дигар иборат буда ва ба ҳадафи тақвияти нерӯҳои марзбонии тоҷик тақдим шуд. Дар маросими таслим кардани ин таҷҳизот раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймӯъмин Ятимов ва сардори раёсати марзбонии КДАМ Раҷабалӣ Раҳмоналиев низ ширкат кардаанд. Читать дальше...

Фаронса ба таҳқиқи нопадид шудани раҳбари Интерпол оғоз кард

Ozodi.org 

Пулиси Фаронса ба таҳқиқи парвандаи нопадид шудани президенти Интерпол Мэн Ҳонгвей оғоз кард. Тамос бо ӯ аз охири моҳи сентябр қатъ шуд. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи ҷумъа гузориш дод. Ба гуфтаи манбаҳои хабаргузорӣ, ҳамсари раҳбари Интерпол, ки дар Лион зиндагӣ мекунад, дар ин робита ба пулиси Фаронса муроҷиат кард. Ба гуфтаи ӯ, Мэн Ҳонгвей охири моҳи сентябр ба Чин рафт ва дигар дар тамос нашуд. Интерпол ниҳодест, ки барои баҳам овардани талоши идораҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои мухталиф созмон ёфтааст. Читать дальше...

Идораи зиндонҳои Русия: Сентсов аз гуруснанишинӣ даст кашид

Ozodi.org 

Идораи федеролии зиндонҳои Русия мегӯяд, коргардони украинӣ Олег Сентсов, ки бо иттиҳоми омодагӣ ба террор дар Русия зиндонӣ шудааст, аз гуруснанишинӣ даст кашид. Дар ин бора муовини директори Идораи федеролии зиндонҳои Русия Валерий Максименко рӯзи 5 октябр хабар дод. "Ман ба ҳамаи онҳое, ки дар ин раванд иштирок карданд, ба табибон ва духтурони бемористон ва вакилони мудофеъ, ки ба ӯ гуфтанд, бояд зиндагӣ кунад, зиндагӣ идома дорад, изҳори сипос мекунам. Дар ниҳоят, табибони мо ва мутахасисон... Читать дальше...


Музыкальные новости
Бато Багдаев

Бурятский госцирк представил новое руководство: Театр и цирк, Россия и культура, дети





Rss.plus
Сергей Собянин

Московские медики окажут помощь пострадавшим в Белгороде - Собянин




В Москве прошла Премия Green Awards 23/24, которая объединила более 250 ведущих компаний и экспертов в ЗОЖ/ЭКО индустрии, инфлюенсеров

Дефицит бюджета РФ и планы ФРС не понижать процентную ставку. Обзор финансового рынка от 13 мая

Государственный Кремлёвский оркестр наградили Орденом «Святых Равноапостольных Кирилла и Мефодия»

Арапов уходит с поста начдепа информполитики томской обладминистрации




Тоҷикистон Кабириро ғоибона ба зиндон маҳкум кард

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро, ки аз соли 2015 боз дар хориҷа ба сар мебарад, дар ғайбаш ба “муддати тӯлонии зиндон” маҳкум кард. Мурофиа паси дарҳои баста сурат гирифт.

Бохти шатранҷбозони тоҷик дар даври даҳуми Олимпиадаи ҷаҳонӣ

Ozodi.org 

Дар даври даҳуми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки 4-уми октябр дар шаҳри Батумии Гурҷистон баргузор шуд, дастаи мардонаи Тоҷикистон аз тими Беларус ва дастаи занонаи кишвар аз тими Тайланд бо ҳисоби якхелаи 1-3 мағлуб шуданд.

Шумори қурбониҳои зилзила ва тӯфони Индонезия ба 1558 расид

Ozodi.org 

Шумори қурбониҳои заминларза ва тӯфони Индонезия ба 1558 нафар расид. Дар ин бора Оҷонсии ҳолатҳои фавқулоддаи Индонезия рӯзи 5 октябр хабар дод.  Ин ниҳод мегӯяд, ки аз 11 кишвар кӯмакҳои башардӯстона дарёфт кардаанд, аммо бинобар харобӣ наметавонанд ба ҳамаи осебдидагон ёрӣ расонанд.  Ҳафтаи гузашта дар ҷазираи Сулавесии Индонезия замин ду дафъа такон хурд ва ба думболи он тӯфон баланд шуд. Баландии мавҷҳо ба якчанд метр мерасид. Сохтори огоҳ кардани одамон аз фалокат кор накард. Бар асари заминларза ва тӯфон ҳазорҳо бино хароб шуд. Читать дальше...

Нодия Мурод барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

Ozodi.org 

Нодия Мурод - фаъоли ҳуқуқи башар аз Ироқ ва Денис Муквеге аз Конго, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел эълон шуданд. Ин ҷоиза ба Мурод  ва Муквеге барои муборизаи онҳо бар зидди  зӯроварии ҷинсӣ ва истифодаи ин ҷиноятҳо ба ҳайси силоҳ дар  низоъҳои мусаллаҳона тақдим шуд. Нодия Мурод як духтари язидӣ аз аввалин қурбониҳои таҷовузи ҷинсӣ буд, ки аз минбарҳои баланди байналмилалӣ дар бораи таҷовузи ҷинсии қавли язидӣ аз ҷониби ҷангиёни гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" гуфт. Денис Муквеге дар Конго... Читать дальше...

Идомаи эътирози ингушҳо бар зидди табодули замин бо Чеченистон

Ozodi.org 

Дар Ингушистон эътирозҳои зидди табодули замин бо Чеченистон идома доранд. Даҳҳо нафар шаби гузаштаро дар назди бинои порлумони Ингушетия дар шаҳри Магас рӯз карданд. Бино ба иттилои "Кавказский узел", сокинони маҳаллӣ ба тазоҳургарон ғизо ва ашёи гарм мебаранд. Раҳбари Ингушистон Юнус-Бек Евкуров шаби гузашта аз тазоҳургарон хост, пароканда шаванд ва пиронсолону кӯдаконро бо худ бубаранд. "Фардо нагӯед, ки намедонистем, онҳо дар куҷо буданд. Аз ҳамаи шумо хоҳиш мекунам, инро шунавед ва дарк кунед", - афзуд ӯ. Читать дальше...



Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин объявил о начале сборки «Москвича» по технологии полного цикла



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Лоза

Певец Лоза заявил, что Влада Листьева убили из-за денег




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице

Анонс выпуска городской газеты «Деловой Новочеркасск» №17 (185)

В Москве пройдет Братский кубок с "Динамо", ЦСКА и сербскими "Партизаном" и ОФК


Новак Джокович

Теннисист Джокович раздавал автографы в шлеме после попадания бутылкой в голову



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Интернет

Роботы-курьеры «Яндекса» будут доставлять заказы в ещё нескольких районах Москвы



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России