Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2018

Новости за 02.10.2018

Ҷои муҳоҷирони тоҷик дар намози ҷумъаи Маскав танг мешавад

Ozodi.org 

Пулиси Маскав дар ду ҳафтаи охир ба даҳҳо муҳоҷири тоҷик иҷоза надод, ки дар намози ҷумъаи масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав иштирок кунанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ба ибодати муҳоҷирон мухолифат надоранд, вале намозгузории онҳо дар берун аз бинои масҷид боиси халадор шудани ҳаракат дар роҳ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон бо сафари серӯза ба Ҷопон рафт

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо як сафари расмӣ ба Ҷопон рафт. Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон бо нашри иттилоияи расмӣ гуфт, ки сафари оқои Раҳмон бо даъвати Токио аз 3 то 6-уми октябр баргузор хоҳад шуд. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон шоми 2-юми октябр роҳии Токио шуд. Ба қавли манбаъ дар ин сафар раиси ҷумҳурро вазири корҳои хориҷӣ, вазирони молия, нақлиёт, энергетика, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар афроди расмӣ ҳамроҳӣ доранд. Читать дальше...



Эмомалӣ Раҳмон бо сафари серӯза ба Ҷопон меравад

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба Ҷопон хоҳад рафт. Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон дар иттилоияи расмӣ гуфт, ин сафари президент Раҳмон бо даъвати Токио аз 3 то 6-уми октябр баргузор хоҳад шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ин сафараш бо императори Ҷопон мулоқот хоҳад кард. Ҳамчунин, дидору суҳбатҳои ӯ бо нахуствазир Шинзо Абе дар назар аст. Ин сафари чаҳоруми раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Ҷопон аз замони интихоб шуданаш ба ин мақом будааст. Читать дальше...

Вуруди ҳамсарони беникоҳи дипломатҳои ҳамҷинсгаро ба ИМА мамнуъ мешавад

Ozodi.org 

Маъмурияти Доналд Трамп ироаи раводид ба шарикони беникоҳи дипломатҳо ва аъзои ҳайатҳои хориҷии СММ-ро қатъ кард. Дар ин бора USA Today рӯзи 2-юми октябр бо такя ба ёддошти хидматӣ, ки дар ситоди Созмони Милали Муттаҳид паҳн шуд, хабар дод. Аз ин ба баъд мансабдорони ҳамҷинсгаро, ки мехоҳанд  ҳамсафарҳои худро ба Амрико биёранд, қабл аз ин бояд бо онҳо издивоҷ кунанд. Дипломатҳое, ки ҳоло бо шарикони ҳамҷинсгарои худ дар қаламрави ИМА зиндагӣ мекунанд, бояд то охири сол робитаи худро расмӣ кунанд. Читать дальше...

Таваллуд хатарноктар аз ҷанг

Ozodi.org 

Дар Афғонистон ба гуфтаи муаллифони як пажӯҳиш хатари марг ҳангоми таваллуд 5 баробар бештар аз хатари марг ҳангоми ҷанг аст.

Ҳамла ба ҷамъомаде дар Афғонистон 13 кушта бар ҷой гузошт

Ozodi.org 

Мақомот мегӯянд, ки аз ҳамлаи маргталабе ба ҷамъомади интихоботӣ дар шимоли Афғонистон дастикам 13 нафар кушта ва камаш 40 тани дигар захмӣ шуд.  Наҷибуллоҳ Камовол - раҳбари Департаменти Беҳдошти вилояти Нанагарҳор ба Радиои Озодӣ гуфт, ки марги 13 нафар аз ҳамлаи рӯзи 2 октябр тасдиқ шудааст. Оятуллоҳ Каёнӣ, сухангӯи волии Нангарҳор гуфт, ки ҳамлагари интиҳорӣ ҷамъомади интихоботии номзад ба порлумон Носир Момандро ҳадаф қарор дод.  Ба гуфтаи ӯ, аксари кушташудаҳо одамони солманд буданд, ки барои мулоқот бо ин номзад ҷамъ шуданд. Читать дальше...



Таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон то 14 июн дароз шуд

Ozodi.org 

Таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон аз ин ба баъд то 14-уми июн идома хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки ахиран волидон бо муроҷиати расмӣ аз мақомот хостори баргардонидани занги охир ба рӯзи 25-уми май шуда буданд. Бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 25-уми сентябр таътилҳо дар 4 мавсим ба мактабҳо баргардонида шуданд, аммо таҳсил дар мактабҳо аз ин ба баъд то 14-уми июн идома хоҳад кард. Тибқи ин тағйирот соли таҳсил 36 ҳафтаро дар бар хоҳад гирифт ва ба 4 чаҳоряк тақсим мешавад. “Чаҳоряки якум аз 1 сентябр то 31 октябр... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 2-уми октябри соли 2018

Ozodi.org 

Даъвати тирамоҳӣ ба артиши Тоҷикистон шурӯъ шуд, сар аз моҳи ноябр нархи нерӯи барқ 20 дирам мешавад, филмҳои тоҷикӣ ба ҷашнвораи "Дидор"роҳ наёфтанд, бурду бохти футболбозони ҷавони тоҷик ва матолиби дигар.

Натиҷаҳои шатранҷбозони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ

Ozodi.org 

​Дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Батумии Гурҷистон ҷараён дорад, баъди натиҷагирии ҳафт даври мусобиқот дар байни 150 кишвар дастаи занонаи Тоҷикистон бо 9 имтиёз дар ҷойи 30-юм ва тими мардона бо 6 имтиёз дар ҷойи 105-ум қарор доранд.

ABB ва Cobra як бахши муҳими “CASA-1000”-ро месозанд

Ozodi.org 

Ширкати шведӣ-шветсяриягии “ABB” ва ширкати испаниягии “Cobra” барандаи сохтмони як бахши муҳими тарҳи “CASA-1000” шудаанд. Ин ду ширкат дар масофаи 800 километр дар ҳудуди Қирғизистон, Тоҷикистон ва Покистон барои тақсими муассир ва муназзами нерӯи барқ зеристгоҳ месозанд. Ширкати “ABB” охири моҳи сентябр бо нашри як хабари расмӣ дар сомонааш гуфтааст, ин тарҳе, ки онро Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мекунад, 330 миллион доллар арзиш дорад. Сохтмони тарҳи “CASA-1000” бинобар ноамнии Афғонистон борҳо сохтмонаш ба таъхир афтодааст... Читать дальше...

Тими занонаи футболи тоҷик пас аз шикаст дар қаҳрамонии Осиё

Ozodi.org 

Бурди футболбозони навраси тоҷик дар бозиҳои қаҳрамонии Осиё, сару садо ва танқидҳо атрофи бохти футболбоздухтарони то 16- солаи тоҷикро то ҷое кам кард. Мағлубият бо ҳисоби бузург ва роҳ наёфтан ба бозиҳои ниҳоии ҷоми Осиё футболбоздухтарони то 16-солаи тоҷикро зери борони танқидҳо қарор дод.

"Шоҳидони Яҳво": Тоҷикистон Даниил Исломовро ду бор ҷазо дод

Ozodi.org 

Даниил Исломов, сокини ноҳияи Фирдавсӣ ва як пайрави “Шоҳидони Яҳво”, созмони мамнӯи масеҳӣ дар Тоҷикистон, ки бо ҷурми саркашӣ аз пӯшидани либоси ҳарбӣ дар артиш ба ним сол ҳабс маҳкум шуда буд, пас аз адои ҷазо дубора ба артиш бурда шудааст.

"Чепига барои берун бурдани Янукович унвони "Қаҳрамони Русияро гирифт"

Ozodi.org 

Нафаре, ки пулиси Британия ӯро дар заҳролудшавии корманди пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал масъул медонад, ба амалиёти аз Киев берун бурдани президенти пешини Украина Виктор Янукович раҳбарӣ мекард. Дар ин бора журналисти Русия Сергей Канаев, ки дар таҳқиқи гурӯҳи "The Insider" ва "Bellingсat" иштирок кардааст, рӯзи 1-уми октябр изҳорот дод. Номи Анатолий Чепига, ки Русия ӯро "Руслан Боширов" муаррифӣ карда буд, баъди ҳамин таҳқиқот ошкор шуд. Канаев гуфт, ки моҳи феврали соли 2014... Читать дальше...


Музыкальные новости
Юрий Шевчук

Военкор Котенок о Шевчуке: "И у этого дед - петлюровец"





Rss.plus
Газпром

Громкий коррупционный скандал в «Газпроме». В Санкт-Петербурге задержан топ-менеджер по обвинению в мошенничестве




Более 1,4 млн жителей Подмосковья прошли диспансеризацию с начала года

Минэкологии взяло на контроль экологическую ситуацию в Химках

Крестивший Белоусова священник заявил о его честности и патриотизме

Задержанного в Москве пьяным и без одежды американца отпустили




"Чепига барои берун бурдани Янукович унвони Қаҳрамони Русияро гирифт"

Ozodi.org 

Нафаре, ки пулиси Британия ӯро дар заҳролудшавии корманди пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал масъул медонад, ба амалиёти аз Киев берун бурдани перзиденти пешини Украина Виктор Янукович раҳбарӣ мекард. Дар ин бора журналисти Русия Сергей Канае, ки дар таҳқиқи гурӯҳи "The Insider ва Bellingsat иштирок кардааст, рӯзи душанбе изҳорот дод. Номи Анатолий Чепига, ки Русия ӯро "Руслан Боширов" муаррифӣ карда буд,  баъди ҳамин таҳқиқот ошкор шуд. Канаев гуфт, ки моҳи феврали соли 2014 Чепига... Читать дальше...

Трамп дар раддабандии эътимод ба раҳбарони ҷаҳон ҷойи охирро гирифт

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп дар раддабандии эътимод ба раҳбарони ҷаҳон ҷойи аз ҳама охирро гирифт. Таҳқиқотро созмони амрикоии Pew Research Center анҷом дод ва рӯзи 1 октябр нашр кард. Дар пурсиш 26 ҳазор нафар аз 25 кишвар иштирок кард. Ҷойи аввалро бо 52 дар сади райъи эътимод садри аъзами Олмон Ангела Меркел соҳиб шуд. Дар ҷойи дуюмро президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва ҷойи сеюмро раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин ишғол кард. Президенти Русия Владимир дар ин раддабандӣ дар ҷойи чаҳорум қарор гирифт.... Читать дальше...

Ширкати хориҷӣ ба Қазоқистон $1,1 миллиард ҷубронпулӣ медиҳад

Ozodi.org 

Остона мегӯяд, бо иттиҳодияи "Карачаганак Петролиум Оперейтинг" (КПО) созишномаи муқаддамотиеро имзо кард, ки пардохти 1,1 миллиард доллар ҷубронро ба ҳукумати Қазоқистон замонат медиҳад. Дар байни Қазоқистон ва "Карачаганак Петролиум Оперейтинг" дар робита ба тақсими даромадҳо суитафоҳум ба миён омад ва Остона аз рӯи иттиҳодия ба додгоҳи ҳакамии байналмилалӣ шикоят бурд. Вазорати энергетикаи Қазоқистон 1 октябр гуфт, ҷонибҳо дар рафти гуфтугӯҳо роҳи судманду дӯстонаи ҳалли баҳсро пайдо карданд. Читать дальше...

Боздошти вакиле, ки Мирзиёевро ба ҷоизаи Нобел пешниҳод кард

Ozodi.org 

Вакили Шӯрои мардумии вилояти Намангон ва узви Ҳизби либерал-демократии Узбекистон Олимҷон Тухтаназаров рӯзи 22 сентябр ҳангоми гирифтани пора аз як омӯзгори мактаби ноҳияи Чуст боздошт шуд. Тухтаназаров ба "қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ", "шарикӣ дар ҷиноят" ва "додани пора" айбдор мешавад. Ӯро бо розигии Шӯрои вакилони халқии вилояти Намангон ҳабс карданд. Ба иттилои додситонии вилояти Намангон, Тухтаназаров ба мудири барканоршудаи як мактаби ноҳияи Попи ин вилоят М. И. ваъда кардааст... Читать дальше...



Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о препарате для лечения болезни Бехтерева


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Джиган

Модель Оксана Самойлова и рэпер Джиган снялись в туристическом аббатстве во Франции




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

«Бавария» победила «Вольфсбург» в 500-м матче Нойера в Бундеслиге

Пензенские регбистки выиграли первенство России

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро


WTA

Потапова проиграла Остапенко во втором круге турнира WTA 1000



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Правительство РФ сообщило о перевыполнении планов по достижению цифровой зрелости национальной экономики



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России