Президенти собиқи Куриёи Ҷанубиро 15 сол зиндонӣ карданд
Додгоҳе дар шаҳри Сеул президенти пешини Куриёи Ҷанубӣ Ли Мён Бакро бо ҷурми фасодкорӣ 15 сол аз озодӣ маҳрум кард. Бино ба иттилои хабаргузории Reuters, ӯ ҳамчунин 11,5 миллион доллар ҷарима шудааст.
Пештар додситон барои президенти пешини Куриёи Ҷанубӣ 20 соли зиндонро талаб карда буд. Вале худи ӯ дар мурофиа ҳузур надошт.
Ли Мён Бак 76-сола аст. Ӯ аз соли 2008 то 2013 раҳбари Куриёи Ҷанубӣ буд. Баҳори имсол ӯ ба гирифтани “пора”, аз ҷумла аз ширкати Samsung айбдор шуд.
Ли Мён Бакро ҳамчунин ба саркашӣ аз пардохти андоз, сӯистифода аз мақом ва нақзи қонунҳои интихобот айбдор карданд.
Соли гузашта раҳбари пешини дигари Куриёи Ҷанубӣ Пак Кин Хе низ бо гумони гирифтани “пора” ва сӯистифода аз мақом 24 сол зиндонӣ шуд.
Президенти пешини ин кишвар Но Му Хён дар соли 2009, пас аз айбдор шудан ба фасодкорӣ худкушӣ кард.
Дар ҳоли ҳозир, Куриёи Ҷанубиро Мун Чжэ Ин раҳбарӣ мекунад.