Шӯру ғавғо дар Доғистон аз пирӯзии Нурмагамедов
Баъди пирӯзии Ҳабиб Нурмагамедов, варзишгари доғистонӣ ба рақиби ирландиаш Коннор Макгрегор, мардуми зиёде дар Доғистони Русия пирӯзии ӯро таҷлил карданд. Рақобати бидуни қоидаи ду рақиби сарсахт рӯзи 6-уми октябр дар шаҳри Лас Вегаси Амрико сурат гирифт.