Хидмат дар артиш ба умеди ... замин. Чаро Майрамбӣ ноумед шуд? ВИДЕО
Майрамбӣ Назарова солҳо боз мехоҳад аз манзили тангу барои зиндагӣ номувофиқ, ба дигар ҷой кӯч бандад. Ваъдаи мақомоти шаҳри Кӯлоб барои додани қитъаи замин ба ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хизмат рафтанд, умедеро барои соҳиби манзили нав шудан дар дили Майрамбӣ бедор кардааст.