Русия коркарди бузургтарин бесарнишини низомиро қатъ кард
Вазорати дифои Русия тасмим гирифт, ки тавсеаи бузургтарин ҳавопаймои бесарнишини низомӣ - "Алтаир"-ро қатъ кунад. Дар ин бора нашрияи "Ведомости" рӯзи 8-уми октябр бо такя ба манбаъҳояш хабар дод.
Тавсеаи ҳавопаймо соли 2011 оғоз шуд ва дар бюрои тарроҳӣ ва таҷрибавии ба номи М.П. Симонов дар Қазон ҷараён дошт. Барои ин тарҳ се миллиард рубл сарф шудааст.
Соли 2017 ҳавопаймои бесарниши "Алтаир" парвозҳои таҷрибавӣ анҷом дод. Аммо бюрои тарроҳӣ ва таҷрибавӣ аз норасоии маблағ шикоят кард ва ҳукумати Тотористон барои идомаи кор боз 2 милилард рубл хост.
Моҳи апрели соли 2018 раҳбари кулли бюро Александр Гомзин бо ҷурми қаллобӣ ва истифодаи нодурусти маблағҳо боздошт шуд. Ба гуфтаи тафтишот Гомзин ҳудуди як миллиард рублро, ки барои бунёди "Алтаир" тахсис доданд, ба яғмо бурд.
Манбаи наздик ба Вазорати дифои Русия гуфтааст, ки коркарди минбаъдаи "Алтаир"-ро ба корхонаи ҳавонавардии мулкии Уралск месупоранд. Ин корхона феълан ба тавсеаи дрони "Форпост" машғул аст.