Наздикони "зиндониёни урдугоҳҳо"-и Чин аз Остона кӯмак мехоҳанд
Дар шаҳри Алматои Қазоқистон 17-уми октябр гуруҳи қазоқҳои қавмӣ, ки аз минтақаи Токкузтари вилояти Синтсзяни Чин ба Қазоқистон кӯчидаанд, аз Остона хостанд, ба пайвандонашон кумак расонад. Наздикони ин қазоқҳои қавмӣ дар урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсии Чин нигаҳдорӣ мешаванд. Қазоқҳои қавмӣ аз президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ҳизби ҳокими "Нур Отан" ва вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дархости кумак карданд.
Давоми чанд ҳафтаи охир афроде, ки аз минтақаҳои мусалмоннишини Чин ба кишварҳои дигар кӯч бастаанд, аз кишварҳои ғарбӣ кумакхоҳӣ карданд. Охири ҳафтаи гузашта чанде аз қазоқҳои қавмие, ки аз вилояти Синтсзяни Чин ба Қазоқистон омадаанд, аз таъқиби мақомоти Чин нақл карданд.
Дар бораи боздоштҳои дастаҷамъии ақалиятҳои миллӣ дар Чин ва "нигаҳдорӣ дар урдугоҳҳои бозтарбия" созмонҳои байналхалқӣ ва расонаҳо низ хабар медиҳанд.
Шуҳрат Зокир, роҳбари вилояти Синтсзян тавассути хабаргузории давлатии Синхуаи Чин 16 октябр 2 урдугоҳҳоро "башардӯстона" унвон кард. Вай таъсиси чунин урдугоҳҳоро барои пешгирӣ аз тундгароӣ ва терроризм муҳим номид.