Саудӣ қатли Хошуқҷиро дар бинои консулгарӣ тасдиқ кард
Арабистони Саудӣ баъди ду ҳафтаи нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигор ва мунтақиди сиёсатҳои Риёз, эълон кард, ки ӯ ба дунболи "даргирӣ" дар бинои консулгарии ин кишвар дар шаҳри Истанбул кушта шудааст.