Интихобот дар Афғонистон, аммо на дар Ғазниву Қандаҳор
Рӯзи 20-уми октябр раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонӣ ё Вулуси Ҷиргаи Афғонистон оғоз шуд. Дар баъзе аз минтақаҳо мардум соати шаши субҳ дар марказҳои раъйдиҳӣ ҳозир шудаанд.
Аммо дар вилоятҳои Қандаҳору Ғазнӣ ба сабаби ҳамлаҳои маргбор раъйдиҳӣ ба ҳафтаи оянда гузошта шудааст.
Раъйдиҳӣ дар интихобот соати чаҳори бегоҳ, ба вақти Ағфонистон ба поён мерасад.
Интихобот дар Афғонистон таҳти чораҳои шадиди амниятӣ баргузор мешавад. Ҳудуди 5 ҳазор нуқтаи раъйдиҳиро тақрибан 54 ҳазор ходими амниятӣ назорат мекунанд.
Интихоботи порлумонӣ дар Афғонистон аллакай се сол таъхир кардааст. Ноамниҳову анҷом нашудани ҷараёни омодагиҳои мақомот боис ба таъхир дар ташкили интихобот гардид.