Трамп гуфт, он чи бо Хошуқҷӣ рух дод, "қобили қабул нест"
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, аз инки Арабистони Саудӣ марги Ҷамол Хошуқҷиро таъйид кард, як пешрафти хуб аст, вале ончи бо Хошуқҷӣ рух додааст, “қобили қабул нест”.
Арабистони Саудӣ рӯзи 19-уми октябр марги хабарнигор ва мунтақили сиёсатҳои Риёз Ҷамол Хошуқҷиро дар дохили бинои консулгарии ин кишвар дар Истанбул тасдиқ кард.
Бар асоси гузориши телевизиони давлатии Арабистон, Хошуқҷӣ дар натиҷаи як “даргирии хушунатомез” дар консулгарӣ ҷон додааст.
Дар ин гузориш ба нақл аз мақомҳо гуфта шудааст, ки подшоҳи Арабистони Саудӣ ба хотири кушта шудани Ҷамол Хошуқҷӣ амиқан ибрози таассуф кардааст.
Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзи 2-юми октябр барои гирифтани санади издивоҷ ба консулгарии Саудӣ дар Истанбул рафта, аммо дигар аз онҷо берун наомад.
Мақомҳои Туркия дар аввал гуфта буданд, ки ӯ дар дохили бинои консулгарӣ кушта шудааст. Бар асоси гузориши хабаргузории расмии Саудӣ, дар пайванд ба ин ҳодиса 18 нафар дастгир шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.