"Хоҳарамро ба хотири радди ҳамхобагӣ куштааст"
Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон сокини 42-солаи ин ноҳия Фаррух Халифаеваро бо ҷурми куштори ҳамсараш 11 сол аз озодӣ маҳрум кард. Аммо хонаводаи Арӯс Раззоқова мегӯянд, ки бо ин ҳукм розӣ нестанд ва барои домод ҷазои сангинтар талаб доранд.