Ҳаракат дар шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ дигарбора қатъ шуд
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дубора қатъ шудааст. Мақомот мегӯянд, дар пайи боришот фаромадани сангреза аз кӯҳ қатъ нашудааст ва корҳои барқароркунӣ идома доранд. Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 17-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ асосан дар километри 225-ум дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баста аст. Ба қавли хонум Юсупова, “корҳои таркиш барои тоза кардани роҳ дар онҷо идома дорад. Эҳтимол ин корҳо то охири ҳафта идома мекунанд. Читать дальше...