Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2018

Новости за 22.01.2018

Дар Ню-Йорк музокироти «С5+1» баргузор шуд

Ozodi.org 

Дар Ню-Йорк  рӯзи 19 январ музокироти вазирони хориҷаи гурӯҳи «С5+1» (Осиёи Марказӣ ва ИМА) ҷараён гирифт. Дар ин нишаст Тоҷикистонро вазири умури хориҷа Сироҷиддин Аслов намояндагӣ кард. Дар ҷаласа мавзӯи амнияти минтақавӣ, муқобила бо терроризм, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳам дурнамои ҳамкорӣ дар чаҳорҷӯби гурӯҳи мазкур баррасӣ шуд. Аз ҷониби кишварҳои дигар дар ҷаласа вазирони хориҷаи Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон ва намояндаи доимии Туркманистон дар СММ иштирок карданд. Аз ҷониби ИМА ҷаласаро... Читать дальше...

Гурӯҳи порлумонии Эрон бо эътирозгарони зиндонӣ мулоқот мекунад

Ozodi.org 

Матбуоти Эрон менависад, аъзои порлумон бо зиндониҳое мулоқот мекунад, ки дар ҷараёни эътирозҳои саросарии охири моҳи декабр боздошт шуданд. Хабаргузории ISNA рӯзи 21 январ ба нақл аз қавли Ҳасан Наврӯзӣ, сухангӯи Кумитаи адлияи порлумони Эрон гуфт, ки "дархости мо имрӯз тасдиқ шуд". Гузориш  мегӯяд, ки мулоқот рӯзи 28 январ сурат мегирад ва танҳо теъдоди хурди аъзои кумита бо маҳбусон дар зиндони Евини Теҳрон дидор хоҳанд кард. Оллоҳиёр Маликшоҳӣ раиси кумитаи адлияи порлумон ба хабаргузории дигари наздик ба ҳукумати Эрон - ILNA гуфт... Читать дальше...



Талоши худкушӣ? Полисе дар Исфара бо ҷароҳати тир ба бемористон интиқол ёфт

Ozodi.org 

Дар вилояти Суғд табибон талош доранд ҷони як ходими полисро, ки аз сараш захм бардоштааст, наҷот диҳанд. Ҷароҳати бардоштаи ӯ аз тири туфанг будааст ва фарзияи аввалияи расмӣ ин аст, ки ин ходими полис талоши худкушӣ карда ба сари худ тир холӣ кардааст. Таҳқиқи ҳодисаи мазкур ҷараён дорад. Ходими полисро рӯзи 20 январ ба шуъбаи эҳёгарии  беморхонаи марказии шаҳри Исфара бо захми тир дар ноҳияи сар бистарӣ карданд. Ҳабибулло Муҳаммадов, сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Исфара рӯзи 22 январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт... Читать дальше...

Лавров гуфт, сатҳи "руссофобия"-и Ғарб бадтар аз замони Ҷанги Сард аст

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки сатҳи "руссофобия" ё бадбинии русҳо дар кишварҳои ғарбӣ бештар аз баландтарин нуқтаи замони Ҷанги Сард аст.  "Ин русбадбинӣ намуна надорад. Мо инро ҳатто дар замони Ҷанги Сард шоҳид нашуда будем",- гуфт Лавров дар сӯҳбат бо нашрияи "Коммерсант" рӯзи 21 январ. "Он замон баъзе қоидаҳо вуҷуд дошт,  наҷобат вуҷуд дошт,- афзӯд ӯ.  Лавров ҳушдор дод, ки Русия "хатти қирмиз"-и худро дорад ва кишварҳои дигар набояд онро убур кунанд.  Вазири корҳои... Читать дальше...

Дар ҳамлаи Кобул шаҳрвандони Қазоқистону Украина низ ҷон бохтаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаи рӯзи 20 январ ба меҳмонхонаи "Интерконтинентал"-и шаҳри Кобул 30 нафар, аз ҷумла 14 шаҳрванди хориҷӣ кушта шуд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Ануар Ҷайнаков гуфт, дар ин ҳодиса шаҳрванди 39-солаи ин кишвар ҳам ҷон бохт. Ба  гуфтаи пулиси Кобул, шахсияти 9 украинӣ кушташуда ҳам муайян шудааст, ки бештарашон кормандони ширкати ҳавопаймоии "Kam-Air"-и Афғонистонанд. Мақомоти амниятии Афғонистон гуфтанд, ки шумори воқеии қурбониҳо метавонад аз 30 нафар аз бештар бошад. Читать дальше...

Вазири Белорус даъвати Назарбоевро оиди музокироти Укриана масхара кард

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Белорус Владимир Макей пешниҳоди роҳбари Қазоқистон, дар бораи баргузории гуфтугӯҳои сулҳи Украина дар Остонаро масхара ва танқид кард. Чунин гуфтугӯҳо пештар дар шаҳри Мински Белорус баргузор мешуданд. Макей дар изҳороти рӯзи 19 январаш гуфт, интиқоли гуфтугӯҳо ба ҷои нав чизеро тағйир нахоҳад дод. "Гуфтугӯҳои Украинаро мешавад ҳатто дар Антарктида баргузор кард, агар бовар дошта бошем, ки натиҷае ба бор меоварад", - гуфт Макей. Ба думбол  Кремл низ изҳорот дод ва гуфт... Читать дальше...

Таркиби нос чӣ дорад, ки мақомот нигаронанд?

Ozodi.org 

Ахиран мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, ки шеваи таҳияи нос -- як навъ тамокуи машҳур миёни мардони тоҷик ва ҳамчунин моддаҳои таркиби онро таҳти назорати ҷиддӣ хоҳанд гирифт.



Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи се милисаи тоҷик барои шиканҷаи боздоштшудаҳо

Ozodi.org 

Алайҳи се корманди вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои истифодаи шиканҷа парванда ҷиноятӣ боз шудааст. Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзи 22-юми январ  дар як нишасти матбуотии солона дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ки соли гузашта ниҳоди зертобеаш 8 шикоят аз мавридҳои шиканҷа дарёфт кардааст. Ба қавли ҷаноби Ализода, инчунин ба Додситонии кулл низ 21 шикоят аз шиканҷа ворид шудааст. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, на дар ҳама ҳолатҳо шикоятҳо дар бораи шиканҷа исбот мешаванд. Читать дальше...

Пас аз боздошти Нурализода. Вазорат дар ҳама утоқҳояш "камера" гузошт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳамаи ҳуҷраҳои кории ин вазоратхонаро бо таҷҳизоти сабткунандаи видеоӣ ва садоӣ муҷаҳҳаз карда, аз ин роҳ мехоҳад аз фасодкорӣ дар фаъолияти кормандонаш ҷилавгирӣ кунад.

Пас аз боздошти Нурализода. Вазорат дар ҳама утоқҳояш "камера" гузошт

Ozodi.org 

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳамаи ҳуҷраҳои кории ин вазоратхонаро бо таҷҳизоти сабткунандаи видеоӣ ва садоӣ муҷаҳҳаз карда, аз ин роҳ мехоҳад аз фасодкорӣ дар фаъолияти кормандонаш ҷилавгирӣ кунад.

Палатаи ҳисоб Кумитаи телевизионро ба сохтакорӣ муттаҳам кард

Ozodi.org 

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Кумитаи телевизион ва радиоро дар ҳамкории пинҳонӣ ва сохтакорӣ бо як ширкати сохтмонӣ, муттаҳам кард. Масъулини Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон бо як ширкати сохтмонӣ "маслиҳат" карда, наздики як миллион сомонии барои сохтмон пешниҳодшударо ба кори дигар сарф кардаанд. Дар ин бора Зафар Азимӣ, муовини раиси Палатаи ҳисоб рӯзи 22-юми январ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба қавли ҷаноби Азизӣ, як санҷиши ниҳоди зертобеаш дар Кумиати телевизион нишон дод, ки маблағҳои... Читать дальше...

Эътирози Палатаи ҳисоб ба фурӯши саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк"

Ozodi.org 

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон масъулини "Тоҷиксодиротбонк"-ро ба он муттаҳам кард ки як қисми саҳмияҳои бонкро бидуни тартиби муқарраршуда "бегона кардааст." Зафар Азимӣ, муовини раиси Палатаи ҳисоб рӯзи 22-юми январ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, роҳбарияти "Тоҷиксодиротбонк" як қисми саҳмияҳои бонкро бидуни мувофиқа бо сохторҳои марбута, аз ҷумла Бонки миллӣ, ба фурӯш гузоштааст. Ба қавли ҷаноби Азизӣ, дар соли гузашта саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк" дар ҳаҷми 64 млн сомонӣ бидуни тартиби муқарраргардида хусусӣ шудаанд. Читать дальше...

Ҷуфтҳои хушбахти гирифтори ВИЧ

Ozodi.org 

Нозанинро чанд соли пеш шавҳари муҳоҷираш ба вируси норасоии  масунияти бадан (ВИЧ СПИД) олуда карду танҳо гузошт. Нозанини 40-солаи бемор яккаву танҳо монд. Вале дигарбора издивоҷ кард ва ҳоло аз рӯзи издивоҷи дуборааш бо ханда қисса мекунад. Издивоҷе, ки бидуни ягон омодагӣ дар ҷойи кору бо ҷавоне аз худаш 10 сол хурд сурат гирифт.

Ҷуфтҳои хушбахти гирифтори ВИЧ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Нозанинро чанд соли пеш шавҳари муҳоҷираш ба вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ СПИД) олуда карду танҳо гузошт. Нозанини 40-солаи бемор яккаву танҳо монд. Вале дигарбора издивоҷ кард ва ҳоло дар мавриди издивоҷи дуборааш бо ханда қисса мекунад. Издивоҷе, ки бидуни ягон омодагӣ дар ҷойи кору бо ҷавоне аз худаш 10 сол хурд сурат гирифт.

Ҳамлаи Туркия ба Сурия. Фаронса хостори нишасти фаврии Шӯрои амният шуд

Ozodi.org 

Вазири умури хориҷии Фаронса рӯзи якшанбеи 21-уми январ хабар дод, ки Шӯрои амнияти СММ рӯзи душанбе барои баррасии ваъз дар Сурия ва ҳамлаи Туркия ба шимоли ин кишвар, нишаст баргузор мекунад



Москва

В ПРЕДДВЕРИИ ДНЯ РОССИИ РОСГВАРДЕЙЦЫ ПРОВЕЛИ ПРАЗДНИЧНОЕ МЕРОПРИЯТИЕ ДЛЯ ДЕТЕЙ


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Москва подписала ряд крупных соглашений на Петербургском форуме



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Ольга Бузова

Бузова ответила Собчак на критику концерта в Уфе




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Мастер-классы по созданию крафтовых украшений проходят в центре Москвы

Псковичка стала призером соревнований по прыжкам в высоту в Москве

В Москве прошёл спортивный праздник для росгвардейцев


Александр Зверев

Зверев сыграет с Алькарасом в финале "Ролан Гаррос"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Настроение

Глазово



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России