Дар Тоҷикистон соли 2017 беш аз 5 тонна тилло истихроҷ шудааст
Мақомоти вазорати саноат ва технология нави Тоҷикистон мегӯянд, ки соли 2017 дар кишвар беш аз 5 тонна тилло истихроҷ шуда, ҳамаи онро Бонки миллӣ харидорӣ кардааст. Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияи нави Тоҷикистон рӯзи 13-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар соли равон боз се кохонаи нави истихроҷи тилло ба фаъолият оғоз мекунад. "Аз ҳама кони калони истихроҷи тилло “Дуоба” ва “Кумархи боло” мебошанд. Корҳои геологӣ анҷом шудаанд, иҷозатнома ҳам гирифтаанд, бояд корро шурӯъ кунанд",-афзуд Бобозода. Читать дальше...