"Чақ-чақ" накунед, "юбкаи кӯтоҳ напӯшед". Мушкили реклама дар Тоҷикистон
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба ширкати мобилии «Билайн» дастур дод, ки номи ду тарофааш – «Чақ-чақ» ва «Панҷа парто»-ро иваз кунад. Масъулони ин кумита номи ин тарофаҳоро муғойир ба бандҳои қонуни забон донистанд.