Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2019

Новости за 14.06.2019

Сафари нахустини Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо ҳамсараш ба Тоҷикистон 

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон шаби 14-уми июн бо ҳамсараш Амина Эрдуғон вориди пойтахти Тоҷикистон шуд. Онҳоро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ пешвоз гирифт. Эрдуғон рӯзи шанбе дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва ҳамсараш Амина дар ифтитоҳи як маркази кумак ба маъюбон дар Душанбе иштирок мекунанд. Ин сафари нахустини Эрдуғон дар мақоми раиси ҷумҳури Туркия ба Тоҷикистон аст. Дастикам аз соли 2016 эҳтимоли боздиди ӯ аз Тоҷикистон матраҳ аст... Читать дальше...

Лаҳзаи омадани Рӯҳонӣ ба Душанбе

Ozodi.org 

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, шоми 14-уми июн вориди Душанбе шуд ва умедҳоро барои беҳбуди равобити Теҳрону Душанбе бештар кард. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси Маҷлиси Намояндагон Шукурҷон Зуҳуров пешвоз гирифт.



Тими Тоҷикистон дар “Eurasian Athletics Meeting U-20” 10 медал гирифт

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон – “U-20” дар риштаи варзиши сабук дар мусобиқаи байналмилалии “Eurasian Athletics Meeting U-20” дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон 10 медал, аз ҷумла 5 нуқра ва 5 биринҷӣ ба даст оварданд

Сӣ Ҷинпин вориди Душанбе шуд

Ozodi.org 

Душанбе, ки мизбони Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мебошад, дар нимаи дуюми рӯзи 14 июн президентон ва раҳбарони кишварҳои ширкатдори ин нишастро истиқбол мекунад. Ба иттилои расмӣ, баъд аз зӯҳр ба Тоҷикистон президенти Чин Сӣ Ҷинпин ворид шуд, ки дар нимаи аввали рӯз дар Бишкек дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой иштирок кард. Раҳбари Чин инчунин барои анҷоми як сафари давлатӣ аз Тоҷикистон дидан мекунад, ки қарор аст рӯзи 15 июн баргузор шавад. Читать дальше...

Ҳукумати Молдова ба истеъфо рафт

Ozodi.org 

Ҳизби демократи Молдова рӯзи 14-уми июн хабар дод, ки ҳукумати ин кишвар ба раҳбарии нахуствазир Павел Филип ба истеъфо рафтааст. Филип ҳафтаи гузашта муваққатан ҷойгузини раиси ҷумҳур Игор Додон шуд ва порлумонро барканор ва интихоботи пеш аз мӯҳлат эълон карда буд.  Дар Молдова нерӯҳои сиёсӣ ба ду ҷабҳа тақсим шудаанд. Қисме аз Русия тарафдорӣ мекунанд, қисми дигар ҷонибдори ҳамкориҳои наздик бо Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд.



Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон омад

Ozodi.org 

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, ба Тоҷикистон омад. Ӯ рӯзи 15-уми июн дар нишасти сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Душанбе иштирок мекунад. Мақомоти расмӣ гуфтанд, Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Қазоқистон ва Абдуллоҳ Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон низ баъд аз зӯҳри ҷумъа ба Душанбе омадаанд. Тоҷикистон бори аввал мизбони нишасти сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аст. Ин созмон соли 1992 таъсис ёфтааст. Читать дальше...

Монандӣ ба Аҳмад Зоҳир ҷонашро наҷот дод

Ozodi.org 

Дар ин гузориш бо як шаҳрванди Тоҷикистон ошно мешавед, ки чеҳрааш хеле шабеҳи Аҳмад Зоҳир, ҳунарманди маҳбуби Афғонистон, аст. Ҷолиб ин ки номаш ҳам Аҳмад Зоҳир аст ва оҳангҳои Аҳмад Зоҳирро месарояд.

Ҳимояти Чин аз Эрон дар сояи танишҳо миёни Вашингтон ва Теҳрон

Ozodi.org 

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар Бишкек рӯзи 14-уми июн гуфт, ки Амрико ба суботи минтақавиву ҷаҳонӣ хатари "ҷиддӣ" эҷод мекунад.

Чаро рӯзи ҷумъа бозорҳои Душанбе баста буданд?

Ozodi.org 

Зарангези Наврӯзшо ва Барот Юсуфӣ мегӯянд имрӯз Душанбе як рӯзи таътилро мемонад. Зеро фурӯшгоҳҳои бузурги молу колои пойтахт, ки маъмули серодаманд пурра дарҳои хадро ба рӯйи харидорон бастаанд. Барои кормандони бархе аз ниҳодҳои давлатӣ рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст.

Шиносномаи нав боиси навбатпоии дароз ва нигарониҳо шудааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Имрӯзҳо дар назди идораҳои шиносномадиҳӣ дар Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон навбати тӯлонии сокинонро дидан мумкин аст. Пиру ҷавон ва зану мард талош доранд, ки ҳарчӣ зуд шиносномаи коғазии худро ба шиносномаи пластикӣ (ID Card ё корти ҳуввият) иваз кунанд.

Ахбори Озодӣ аз 14-уми июни соли 2019

Ozodi.org 

ИМА Эронро масъули ҳамлаи ахир дар Халиҷи Амон номид, дар Бишкек нишасти раҳбарони Созмони ҳамкориҳои Шангҳай оғоз ёфт, Душанбе мунтазири меҳмонони хориҷӣ мебошад. интиқоли пули муҳоҷиронитоҷик ва навбат барои шиносномаи нави дохилӣ.

Навбатпоии сокинони Тоҷикистон барои шиносномаи нави дохилӣ

Ozodi.org 

Имрӯзҳо дар назди идораҳои шиносномадиҳӣ дар Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон навбати тӯлонии сокинонро дидан мумкин аст. Пиру ҷавон ва зану мард талош доранд, ки ҳарчӣ зуд шиносномаи коғазии худро ба шиносномаи пластикӣ (ID Card ё корти ҳуввият) иваз кунанд.

Умедвориҳо аз сафари Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик аз сафари раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон умедворанд, ки муносибатҳои ду кишвар рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Қарор аст шоми 14-уми июн Ҳасани Рӯҳонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе мулоқот кунад.


Музыкальные новости
Евровидение

Захарова: Евровидение переплюнуло оргии и шабаши, похоронив Западную Европу





Rss.plus
Арцах

Армяне в Великой Отечественной войне: Иван Георгиевич Магакьян




«Ожившая» Мона Лиза, репродукции Арчимбольдо и Босха на выставке «Арт-Ростов»

Очень хитрую схему придумали мошенники для кражи аккаунтов соцсетей у россиян

В Кирове росгвардейцы присоединились к всероссийской патриотической акции "Окна Победы"

Таможенники спасли от вывоза из России 13 икон и вернули их Церкви




Сокинон: "Дар давраи хонҳо ба ин ҳад таҳқир нашуда будем"

Ozodi.org 

Мақомоти вилояти Хоразми Узбекистон ба ҳайати Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд бо раҳбарии президенти он Сума Чакрабортӣ зиёфат орост. Дар он ҳунармандон ва раққосаҳои вилоятро маҷбур кардаанд, то нимашаб дар назди меҳмонон бисароянду бирақсанд. Яке аз кормандони бахши фарҳанги вилояти Хоразм ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, рӯзи 8-уми июн 150 нафар маҷбур буданд, беш аз 8 соат барои ҳайати шашнафарии Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд дар кохи Нуруллобойи ноҳияи Хива хидмат расонанд. "Дар миёни... Читать дальше...

Тоҷикистон: Сохтори ҷудогонаи мубориза бо маводи мухаддир дар назди СҲШ таъсис шавад

Ozodi.org 

Президенти Тоҷикистон ба таъсиси сохтори ҷудогонаи мубориза бо қоҷоқи маводи мухаддир дар зери назари Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ ) даъват кард, ки метавонад дар муқобилаи дастаҷамъонаи кишварҳои узв  бо хатарҳои қочоқи маводи мухаддир мусоидат кунад. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии рӯзи 14 июнаш дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ гуфт, ки маводи мухаддир “яке аз манбаъҳои маблағгузории терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ мебошад”. Дар конфронси “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ... Читать дальше...

Ҳамлагари масҷиди Зеландияи Нав айбҳои эъломшударо рад кард

Ozodi.org 

Брентон Таррант, сокини Австралия, ки ба масҷиде дар шаҳри Крайстчёрчи Зеландияи Нав ҳамла карда буд, айбҳои нисбат ба ӯ эълоншударо эътироф намекунад. Расонаҳои Зеландияи Нав навиштанд, ки вакили мудофеи вай дар додгоҳ дар ин бора изҳорот додааст. Худи Таррант ҷараёни ҷаласаи додгоҳиро ба воситаи дурбини видео аз маҳбас назорат мекард. Додгоҳ гуфт, ду ташхиси тиббӣ мушаххас кард, ки Таррант ҳеч бемории равонӣ надорад. Муҳокимаи парвандаи вай моҳи майи соли 2020 оғоз мешавад. Брентон Тарранти 28-сола дар анҷоми амали террористӣ... Читать дальше...

Қарзҳои умедворкунанда, вале ношаффофи Чин

Ozodi.org 

Бастаи қарзҳое, ки Чин ба шариконаш медиҳад, маъмулан назар ба он чи ки расман эълон мешавад, баландтар буда, дар забони коршиносони байналмилалӣ бо истилоҳи "қарзҳои пинҳонӣ" ёд мешавад.

Даъвати президент Раҳмон ба пуштибонии иқтисодии Афғонистон

Ozodi.org 

Президенти Тоҷикистон “ҳар чи зудтар ба эътидол овардани  вазъи Афғонистонро яке аз омилҳои аслии субот ва тақвияти амният дар минтақа” унвон кард.  Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро дар  ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баён кард, ки рӯзи 14 июн дар шаҳри Бишкек шурӯъ ба кор кард. Дар ин ҷаласа сарони кишварҳои узви ин созмони сиёсиву амниятӣ, аз ҷумла, президентони Русия, Чин, Қазоқистону Узбекистон, Беларус, Покистону Ҳинд ва инчунин раҳбарони кишварҳои нозири мисли Эрон ҳам ширкат мекунанд. Читать дальше...



Москва

Новые городские проекты в сотрудничестве с парком Юрия Лужкова готовит Фонд Юрия Лужкова


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Пианист

Пианист Мирослав Култышев выступит с концертом в "Зарядье"




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице

Заммэра Москвы Ефимов: набережная в Южном порту увеличится в 1,5 раза

Псковичи стали призерами соревнований по вольтижировке в Москве


Уимблдон

Финалистка юниорского Уимблдона-2023 получила временное отстранение за допинг



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Роботы-курьеры «Яндекса» будут доставлять заказы в ещё нескольких районах Москвы



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России