Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2020

Новости за 07.01.2020

Бо гузашти даҳ рӯз сарнавишти Хайриддини Абдуллоҳ норӯшан мемонад

Ozodi.org 

Хайриддини Абдуллоҳ, рӯҳонии 35-солаи тоҷик, ки даҳ рӯз пеш ҳангоми бозгашт аз Русия ба Душанбе аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон "ба бозпурсӣ даъват шуда буд", ҳанӯз раҳо нашудааст. Мақомот дар робита ба эҳтимоли дастгир шудани Хайриддини Абдуллоҳ ва оғози парванда нисбат ба ӯ шарҳе намедиҳанд. Парвина Достакова, ҳамсари Хайриддини Абдуллоҳ, рӯзи 7-уми январ гуфт, шавҳараш чанд дафъа бо ӯ тамос гирифта ва хостааст, "дигар аз паяш нашаванд". Достакова бовар дорад, суҳбатҳои шавҳараш "зери назорат ва фишори мақомот сурат мегирифт". Читать дальше...



Путин дар Сурия бо Асад мулоқот кард

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 7 январ ба хотири дидору гуфтугӯ бо президент Башор Асад ва машварат бо низомиёни рус дар Димишқ вориди Сурия шуд. Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков ба хабарнигорон дар Маскав гуфт, ки Путин савори мошин аз фурудгоҳи байналмилалии Димишқ то қароргоҳи нирӯҳои мусаллаҳи Русия, ки дар ин кишвар мустақар ҳастанд, сафар кард. Ӯ инчунин гуфт, ки  мулоқоти Путин ва Асад дар қасри президенти Сурия баргузор шуд. Песков гуфт, ки ду раҳбар дар бораи таҳаввулоти манотиқи мухталифи... Читать дальше...

Қурбониҳои сӯхтори Раменское шаҳрвандони Ветнам мебошанд

Ozodi.org 

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, ки таҳқиқи муқаддамотии ҳодисаи сӯхтори субҳи 7 январ дар ноҳияи Раменское нишон дод, ки ҳамаи қурбониҳои ин сӯхтор шаҳрвандони Ветнам мебошанд. Қаблан бархе матбуоти русӣ навиштанд, ки ҳамаи кушташудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Як корманди масъули сафорати Тоҷикистон, ки дар ҳайате аз макони ҳодиса дар деҳаи Нестеровои  ноҳияи Раменское дар вилояти Маскав дидан кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳодисаи субҳи сешанбе муҳоҷирони корӣ аз кишвари Ветнам кушта шуданд. Читать дальше...

Ташхиси ВИЧ пеш аз хатнаи писарон дар Тоҷикистон ҳатмӣ шудааст

Ozodi.org 

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон дастур додаанд, ки писаронро пеш аз хатна ҳатман аз ташхиси вируси норасоии масунияти бадан ё ВИЧ гузаронанд. Онҳо сабаби чунин тасмимро ба афзоиши ин бемории сироятӣ дар кишвар, аз ҷумла дар миёни кӯдакон, рабт медиҳанд. Пизишкон ҷонибдори ташхис ҳастанд, вале баъзе аз волидон мегӯянд, он бояд тавсиявӣ бошад, на маҷбурӣ. Ҳамчунин волидон пурра бепул будани ташхис ва хатнаи писаронро зери суол гузоштанд.  Як намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии... Читать дальше...



Маросими дафни Қосим Сулаймонӣ ба таъхир афтод. ВИДЕО

Ozodi.org 

Маросими дафни генерали баландпояи эронӣ Қосим Сулаймонӣ, ки ҳафтаи гузашта дар ҳамлаи ҳавоии амрикоиҳо дар Бағдод кушта шуд, ба таъхир афтид. Ин тасмим рӯзи 7-уми январ ва баъди он гирифта шуд, ки дар пайи ҷамъ омадани мардум дар зодгоҳаш шаҳри Кирмон 40 нафар кушта ва беш аз 200 нафар осеб диданд. Мақомот аз ҷамъ шудани шумори зиёди мардум изҳори нигаронӣ карданд ва тасмим гирифтанд, маросими дафни генералро ба таъхир андозанд. Маълум нест, бахоксупории ӯ кай барпо мешавад. Дар наворҳои видеоӣ дида мешавад... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 7-уми январи соли 2020

Ozodi.org 

Дар сӯхторе дар вилояти Маскав 8 муҳоҷири ветнамӣ кушта шуданд. Ибтидо гуфта мешуд .ки онҳо тоҷиканд, маросими дафни генерали эронӣ Қосим сулаймонӣ баъди марги беш аз 30 кас ба таъхир гузошта шуд, номҳои баъзе боздоштшудаҳо ба гумони узвият дар "Ихвон-ул-муслимин" ошкор шудааст ва матолиби дигар.

Нависандаи покистонӣ: романи маъруфамро амниятиҳо мусодира карданд

Ozodi.org 

Нависандаи маъруфи покистонӣ ва як шореҳи нашрияи New York Times гуфт, ки эҳтимолан маъмурони амниятӣ дафтари намояндагии ин нашрия дар Карочиро тафтиш карда тамоми нусхаҳои асари ӯ дар бораи собиқ диктатори низомӣ Зиё-ул-Ҳақро мусодира карданд. Нависанда Муҳаммад Ҳаниф дар Твиттери худ рӯзи 6 январ навишт, ки рейди мазкур аз ҷониби афроде анҷом шуд, ки корманди “Оҷонсии иттилооти Покистон буданд”. Ҳаниф гуфт, ки онҳо ӯро дар бораи китобаш пурсиданд ва ҳама нусхаҳоро бо ҳам бурданд. Нависанда гуфт... Читать дальше...

70 соли Муқаддас Набиева. Овозхоне, ки сурудаҳои мардумиро бо эстрада омезиш дод

Ozodi.org 

Муқаддас Набиева, овозхони маъруфи эстрадаи тоҷик, ки 41 сол қабл ба таври фоҷеъабор фавтид, 70-сола шуд. Ба хотири гиромидошти хотираи ин бонуи ҳунар, имрӯз дар Кохи фарҳанги ноҳияи Фархори вилояти Хатлон маҳфили ёдбуд баргузор мешавад.  7-уми январи соли соли 1950 дар деҳае дар ноҳияи Фархори он замон вилояти Кӯлоб, духтаре ба дунё омад, ки бо гузашти солҳо ба рамзи ҳунари эстрадаи тоҷик табдил шуд. Вай дар хонаводаи дорои чаҳор духтар, бе падар ба воя расид. Дар шаҳри Душанбе мактаби миёнаро хатм кард... Читать дальше...

Раҳбари Пентагон ишора кард, ки маконҳои таърихии эрониҳо осеб намебинанд

Ozodi.org 

Вазири дифои ИМА Марк Эспер рӯзи 6 январ ба таври рӯшан ва қотеъ аломат дод, ки низомиёни амрикоӣ маконҳои фарҳангии эрониҳоро оташ намезананд. Эспер дар як нишасти матбуотӣ дар Пентагор гуфт, “мо мутобиқ ба қонунҳои замони ҷанг кор мекунем”. Ин  ишора баъди он карда шуд, ки таҳдиди президент Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба маконҳои фарҳангии Эрон боиси хашми бисёриҳо шуд ва созмони Human Rights Watch гуфт, ки  чунин амалҳо ҷинояти ҷангӣ арзёбӣ мешавад. Эъломияи соли 1954-и Гаага оид ба ҳифзи ёдгориҳои... Читать дальше...

Эрониҳои амрикоӣ дар марзи ИМА ва Канада соатҳо боздошту бозпурсӣ шуданд

Ozodi.org 

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ, мақомоти давлатӣ ва ҳам қонунгузорон гуфтанд, ки даҳҳо гузориш дарёфт кардаанд, ки  шахсони дорои шаҳрвандии Эрон ва ҳам Эрону Амрико баъди бозгашташон ба ИМА ва Канада дар рӯзҳои истироҳати гузашта соатҳо дар фурудгоҳҳо манъ шуда мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанд. Дафтари намояндагии Шӯрои умури равобити амрикоиву исломӣ дар шаҳри Вашингтон гуфт, ки беш аз 60 эронӣ ва эрониву амрикоии синну соли гуногун дар хатти марзи Вашингтону Канада давоми то 10 соат ва аз он бештар боздошту  бозпурсӣ шудаанд. Читать дальше...

Дар маросими дафни Қосим Сулаймонӣ 30 нафар зери по монда, ҷон бохтаанд

Ozodi.org 

Раҳбари Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон таҳдид кард, ки маконҳои мавриди ҳимояти Амрикоро “оташ мезанад”. Генерал Ҳусейн Саломӣ, ки рӯзи 7-уми январ дар маросими дафни генерал Қосим Сулаймонӣ дар Кирмон ва дар ҳузури ҳазорҳо нафар суханронӣ мекард, мушаххасан нагуфт, кадом маконҳоро дар назар дорад, вале шиори “марг ба Исроил”-ро ба забон овард. Қосим Сулаймонии 62-сола рӯзи 3-юми январ дар фурудгоҳи байналмилалии Бағдод бар асари ҳамлаи амрикоиҳо кушта шуд ва ин ҳодиса боис ба болоравии таниш дар равобити Амрико ва Эрон шуд. Читать дальше...

Блогнависи узбек мансабдори давлатиро ба додгоҳ кашид

Ozodi.org 

Хуршед Далиев, рӯзноманигор ва блогнависи узбекистонӣ роҳбари маркази матбуотии шаҳри Андиҷони Узбекистон Гулшаной Кучкароваро ба додгоҳ кашид. Далиев мегӯяд, Кучкарова тавассути Интерент нисбати вай иттилои таҳқиромез паҳн кардааст. Додгоҳи шаҳрии Андиҷон баҳси Хуршед Далиевро бо Гулшаной Кучкарова 8 январ баррасӣ хоҳад кард. Кучкарова блогнавис Далиевро "хоин ва ҳангомапардоз" ва узви "Ҳизб ут-Таҳрир" унвон кардааст. Аммо баъдтар ин мансабдор гуфт, ки ин ҳарфҳоро нисбати Далиев дар авҷи хашму ғазаб навиштааст. Читать дальше...

Дар Қирғизистон модари се фарзанд баъди латукӯби шавҳараш фавтид

Ozodi.org 

Сокини 31-солаи шаҳри Бодканди Қирғизистон бо гумони қатли ҳамсараш боздошт шуд. Ин мард гуфт, ки ҳамсарашро баъди ҷанҷоли лафзӣ латукӯб кардааст. Ин ҳодиса рӯзи 3 январ рух дод. Азизбек Жунусов, сардухтури беморхона гуфт, зан дар роҳ ба сӯи бемористон фавтид. Табибон дар ҷисми зан осори латукӯб ва сухтагиро мушоҳида кардаанд. "Занро соати 2:00 субҳи 4 январ ба бемористон оварданд. Қалби вай наметапид. Дар ҷисмаш осори латукӯб дида мешуд. Ҷасад ба ташхиси судӣ-тиббӣ фиристода шуд", - гуфт сардухтур. Читать дальше...


Музыкальные новости
Юрий Шевчук

Военкор Котенок о Шевчуке: "И у этого дед - петлюровец"





Rss.plus
Валюта

Валюта вышла из моды // Снижение волатильности и санкции сдерживают спрос




Пострадавший в теракте мальчик вбросил шайбу на матче России и Белоруссии в Туле

Ольга Орлова рассказала, как жить с мужчиной, который зарабатывает 50 тыс в месяц

Владелец «Макфы» подал иск на 100 млн рублей к ток-шоу «Малахов»

В Подмосковье на майских выходных прошли рейды по нецелевому использованию земли




Дабири кулли СММ Теҳрону Вашингтонро ба хештандорӣ даъват кард

Ozodi.org 

Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш ба даъвати раҳбарони як қатор кишварҳои дунё пайваст ва аз Теҳрону Вашингтон хост, дар робита ба ташаннуҷе, ки пас аз қатли генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ ба миён омадааст, хештандориро аз даст надиҳанд. "Соли навро бо изтироб оғоз кардем. Мо ҳоло дар як замони хатарнок ба сар мебарем. Дар ин садсолаи ахир ташаннуҷи геопалитикӣ ба сатҳи баландтарини худ расидааст ва ин ҷараён идома дорад",-изҳор дошт Гутерриш 6 январ дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк. Рӯзи 6 январ... Читать дальше...

Куҳкани дармондаи қазоқро аз зери замин берун оварданд

Ozodi.org 

Куҳканеро, ки 5 январ дар кони Риддер-Соколни вилояти Қазоқистони Шарқӣ дар зери замин дар монда буд, берун оварданд. Ширкати "Қазтсинк" 7 январ хабар дод, ки амалиёти наҷоти кормандаш ба поён расид. Ин корманди "Қазтсинк" рӯзи якшанбе дар нақб дар монда буд. Ширкат гуфт, он рӯз пас аз дарёфти хабари лағзиши замин тамоми кормандони нақбро ба берун бароварданд, вале тамос бо яке аз онҳо қатъ шуд. Ба гуфтаи масъулони ширкат, вазъи сиҳатии кормандаш хуб буда, барои санҷиши бештар ба беморхона фиристода шуд. Читать дальше...

Зоири 80-солаи узбекро дар фурудгоҳи Ҷидда фиреб доданд

Ozodi.org 

Вазорати умури хориҷии Узбекистон мегӯяд, як шаҳрванди 80-солаи ин кишварро ҳангоми адои ҳаҷҷи умра дар фурудгоҳи Ҷиддаи Аарабистони Саудӣ фиреб додаанд. "Консулгарии генералии Узбекистон дар шаҳри Ҷидда ба маҳзи нашри хабарҳо дар бораи мушкили шаҳрванди кишвар А.Х. дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ӯ тамос гирифта, кӯмаки ҳуқуқии заруриро расонд",-афзудааст вазорат. Ба гуфтаи ин мард, афроде барояш ваъда кардаанд, ки бар ивази маблағи муайян ҳаҷҷи умраро барояш ташкил мекунанд ва дар ҷараёни сафар низ шахсе ӯро ҳамроҳӣ хоҳад кард. Читать дальше...

Садамаи Тюмен: Ронанда боздошт шуд, зани тоҷик беморхонаро тарк кард

Ozodi.org 

Ронандаи мусофирбаре, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Хуҷанд ба Сургут интиқол медод ва рӯзи 6-уми январ дар ҳудуди вилояти Тюмени Русия боис ба садама шуд, боздошт гардид. Хабаргузориҳои расмии Русия рӯзи 7-уми январ аз қавли полис навиштанд, ки ронанда бар асоси моддаи "вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва беш аз ин нафар шуд", боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Дар ин ҳодиса ҳафт мусофири автобус осеб дида, ду савори мошини борбаре, ки ба автобус бархӯрдааст, ба ҳалокат расиданд. Читать дальше...

Сироҷиддин Муҳриддин ва Алис Уэллс вазъ дар минтақаро баррасӣ карданд

Ozodi.org 

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини аввали ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна Элис Уэллс рӯзи 7-уми январ дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ карданд. Ин диломати баландпояи амрикоӣ бо сафари дурӯза дар Тоҷикистон қарор дорад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар ин мулоқот ҷонибҳо "ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америкаро мавриди муҳокима қарор дода, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон... Читать дальше...

Муборизаи варзишгарони тоҷик барои роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио

Ozodi.org 

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ, ки аз 24-уми июл то 9-уми август дар пойтахти Ҷопон – Токио – доир мегардад, бузургтарин чорабинии варзишии соли 2020 маҳсуб мешавад. Ба барномаи Бозиҳо 33 намуди варзиш дохил аст. Дар назар аст, ки дар Олимпиадаи Токио наздики 12500 варзишгар аз 205 кишвар барои 339 маҷмӯи медалҳо мубориза хоҳанд бурд. Варзишгарони тоҷик, ки то ҳоло ба Бозиҳои олимпӣ дар Токио роҳхат нагирифтаанд, барои ба даст овардани роҳхатҳо дар риштаҳои ҷудо, бокс, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ... Читать дальше...



Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о перспективном развитии соцполитики государства


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Певица

Певица Лолита получила серьезные ожоги в Болгарии




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

"Зенит" в Москве обыграл ЦСКА и сравнял счет в серии

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице

Пензенские регбистки выиграли первенство России


Уимблдон

Медведев рассказал, как ударился головой перед матчем с Уиллисом на Уимблдоне в 2016 году



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

В Щелково посетитель ударил сотрудника кафе



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России