Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2020

Новости за 13.01.2020

Шикояти муҳоҷирон аз шароити вазнин дар боздоштгоҳи Русия

Ozodi.org 

Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, бо вуҷуди будани қарори додгоҳ дар бораи ихроҷашон ба Тоҷикистон, онҳоро аз боздоштгоҳи Русия озод намекунанд. Масъулони сафорати Тоҷикистон гуфтанд, ин гуруҳи муҳоҷирон на моҳҳо, балки ҳамагӣ пеш аз соли нав дастгир шудаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон. Ду тараф бо чӣ ба музокирот мераванд?

Ozodi.org 

Ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14-уми январ дар Исфара низоъҳои ахир дар марзро баррасӣ хоҳанд кард. Музокирот бо роҳбарии муовинони нахуствазири ду кишвар баргузор мешавад. Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон, ки ҳайати Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад, рӯзи 13-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки яке аз масъалаҳои асосӣ “пешгирӣ аз низоъҳои марзист.” Ба қавли Азим Иброҳим, масъалаи дигаре, ки дар музокироти рӯзи сешанбе бояд баррасӣ шавад, “пахши ахбори носанҷида дар бораи масъалаҳои марзӣ аст”. Читать дальше...



Музокироти сулҳи тарафҳои даргир дар Либия

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Русия мегӯяд, раҳбарони рақибони ҷангандаи Либия рӯзи 13-уми январ дар шаҳри Маскав гуфтугӯҳои сулҳро баргузор хоҳанд кард. Дар ин гуфтугӯҳо Фоиз ас-Сарроҷ, ки ҳукумати миллии аз тарафи Созмони Миллал шинохташудро дар Триполи (Троблус) раҳбарӣ мекунад ва Халифа Ҳафтар, фармондеҳи Артиши Миллии Либия иштирок хоҳанд кард.   Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар саҳифааш дар Фейсбук навишт: “Имрӯз барвақттар вазирони корҳои хориҷӣ ва дифои Русия ва Туркия... Читать дальше...

"Латту кӯби милисаҳоро шӯхии ҳамсинфон гуфтам, то писарам натарсад"

Ozodi.org 

Ду сокини шаҳри Норак, бародарон Набиевҳо, мегӯянд, онҳро аз рӯи қазияи шиканҷа шуданашон ба додситонӣ даъват кардаву баёнот гирифтаанд. Ба гуфтаи ин ду нафар, онҳо дар арафаи соли нав аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Фирдавсӣ дастгир ва латту кӯб шуданд. Нисбат ба бародари дигари онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ ахиран бо як иттилояи расмӣ ба иддаои ин хонавода вокуниш нишон дод.

"Қарори ихроҷ ҳаст, аммо раҳо намекунанд". Шикояти муҳоҷирони тоҷик аз боздоштгоҳи Русия

Ozodi.org 

Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, бо вуҷуди будани қарори додгоҳ дар бораи ихроҷашон ба Тоҷикистон, онҳоро аз боздоштгоҳи Русия озод намекунанд. Масъулони сафорати Тоҷикистон гуфтанд, ин гуруҳи муҳоҷирон на моҳҳо, балки ҳамагӣ пеш аз соли нав дастгир шудаанд. Аҳмадҷон Розиқов, яке аз муҳоҷирон, рӯзи 13-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, қариб чаҳор моҳ боз ӯро аз боздоштгоҳи муваққатӣ раҳо намекунанд ва маълум нест, кай ба ватан бармегардад. Розиқов, ки барои нақзи қоидаи будубош дар Русия дастгир шудааст... Читать дальше...

7 ҳазор тоҷикистонӣ дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд

Ozodi.org 

Дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Русия 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон муҳлати ҳабси худро адо мекунанд. Дар ин бора хабаргузории русии ТАСС рӯзи 12-уми январ бо истинод ба ФСИН -- Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо дар Русия хабар додааст. Ба иттилои ин ниҳод, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Русия ҳастанд, дар чаҳорчӯбаи хизматрасонии "ФСИН-нома", аз наздиконаш дар Тоҷикистон номаҳои электронӣ мегиранд. Александр Полкин, мудири умумии ширкати "Системаи электронии хос" ба ин хабаргузорӣ гуфтааст... Читать дальше...

Сарвазири Канада мегӯяд, дар ҷустуҷӯи адолат хоҳад буд

Ozodi.org 

Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо мегӯяд, барои касони кушташуда дар ҳавопаймои мусофирбари украинӣ, ки ҳафтаи гузашта аз сӯи Эрон сарнагун карда шуд, дар ҷустуҷӯи адолат хоҳад буд. "Ҳамаи оилаҳо ва кандагиҳоро бовар мекунонам, то вақте ки ҷавобе пайдо накунем, осуда нахоҳем буд", -- гуфт Трюдо рӯзи 13-уми январ дар Эдмонтон, Алберта, дар маросими ёдоварии 57 шаҳрванди кушташудаи Канада. Пас аз он ки мансабдорони Эрон сарнагун кардани ҳавопайморо пазируфтанд, эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон оғоз ёфтанд. Читать дальше...



Таҳқиқи OCCRP: Имтиёзҳои оила

Ozodi.org 

OCCRP (Organized Crime and Corruption Reporting Project) ё Барномаи Гузоришгарӣ дар бораи Ҷароими Созмонёфта ва Фасод як шабакаи ҷаҳонии хабарнигорон ва муборизони зидди фасод аст, ки соли 2006 аз тарафи Дрю Салливан (Drew Sullivan) ва Пол Раду (Paul Radu) таъсис ёфта, то ин замон наздики 100 таҳқиқоти журналистиро ба нашр расондааст ва дар саросари ҷаҳон зиёда аз 90 миллион хонанда дорад. Пажуҳишҳои гузаштаи ин созмон дар бораи Тоҷикистон дар ин сафҳа мунташир шудаанд. Рӯзи 27-уми декабри соли 2019... Читать дальше...

Барканории сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ва идомаи тағйирот

Ozodi.org 

Рӯзи 13-уми январ дар чанде аз идораҳои давлатии Тоҷикистон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Мунтақидон онро "ҷойивазкунӣ"-и мансабдороне меноманд, ки солҳо боз аз як мақом ба мақоми дигар мегузаранд. Рӯзи душанбе Муҳаммадраҳим Юсуфӣ – раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Азиз Гиёзода – раиси ноҳияи Шуғнон, Ғайрат Азиззода – раиси ноҳияи Мастчоҳ ва Зафар Файзуллозода -- раиси ноҳияи Қубодиён аз мақомҳои худ озод шудаанд. Дар фармони раиси ҷумҳур барканории онҳо гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст, аммо ҷузъиёташ нест. Читать дальше...

Таҳдиди ҷаримаву зиндон барои консерти Юлдуз Усмоноваи "қалбакӣ"

Ozodi.org 

Ба зидди як сокини шаҳри Истаравшани вилояти Суғд барои ташкили консерти дурӯғини Юлдуз Усмонова, овозхони машҳури узбек, парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Мақомот гуфтанд, Саидҷон Ғаниев ба қаллобӣ муттаҳам аст. Вале феълан назари ӯ ва ё пайвандонаш ба ин иттиҳом маълум нест.  Мақомоти милисаи Истаравшан рӯзи 13-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Саидҷон Ғаниев бо эълони баргузории консерти Юлдуз Усмонова ба мардум билет фурӯхта, вале шахси дигарро ҳамчун Юлдуз ба саҳна баровардааст.  Консерт бо... Читать дальше...

Арӯс аз Хоразм, домод аз Восеъ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вақте дилҳо пайванд мешаванд, надонистани забон монеа нест. Дар мисоли қаҳрамонҳои ин гузориш, ки домод аз Тоҷикистон аст ва арӯс аз Узбекистон. Аҳди садоқати ин ду ҷавон дар Русия ва дар ниҳоят издивоҷи онҳо дар ватан, хонаводаҳояшонро дар бо ҳам наздик кард.​ Абдуқаҳҳор Каримови 22-сола аз ноҳияи Восеъ, арӯсаш Ирода Ахмедоваро аз шаҳри Хоразм пайдо карда, издивоҷ намуданд. Фозил Каримов, сокини ноҳияи Восеъ ва падари Абдуқаҳҳор мегӯяд, писараш дар Русия таҳсил мекард ва вақте ӯ шунид, ки фарзандаш... Читать дальше...

Бишкек. Талаби озодии боздоштшудаҳои низои ахир дар марз бо Тоҷикистон

Ozodi.org 

Иддае аз сокинони шаҳри Бишкек рӯзи 13-уми январ дар назди бинои порлумони Қирғизистон ҷамъ шуда, озодии чаҳор нафареро талаб карданд, ки дар ҷараёни таниши ахири марзӣ бо Тоҷикистон дар вилояти Бодканд дастгир шуданд. Иқдоми эътирозиро созмони ҷамъиятии "Марз" ташкил кард. Ташкилкунандагон гуфтанд, пулис касонеро боздошт кардааст, ки "зидди фитнаангезии шаҳрвандони Тоҷикистон садо баланд кардаанд". "Мо талаб мекунем, ки чаҳор боздоштшуда раҳо карда шаванд. Боздошти онҳо фишори равонӣ ба сокинони Бодканд аст"... Читать дальше...

Арӯс аз Хоразм, домод аз Восеъ

Ozodi.org 

Вақте дилҳо пайванд мешаванд, надонистани забон монеа нест. Дар мисоли қаҳрамонҳои ин гузориш, ки домод аз Тоҷикистон аст ва арӯс аз Узбекистон. Аҳди садоқати ин ду ҷавон дар Русия ва дар ниҳоят издивоҷи онҳо дар ватан, хонаводаҳояшонро бо ҳам наздик кард.​ Абдуқаҳҳор Каримови 22-сола аз ноҳияи Восеъ, арӯсаш Ирода Ахмедоваро аз шаҳри Хоразм пайдо карда, издивоҷ намуданд.

Се медали муштзанҳои навраси тоҷик дар Тошканд

Ozodi.org 

Варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни муштзанҳои солҳои таваллудашон 2004-2005 ба хотираи собиқадорони бокси Узбекистон, ки рӯзҳои 6-10-уми январ дар шаҳри Тошканд доир гардид, се медал (ду нишони нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд. Чунонки сомонаи расмии Федератсияи бокси Узбекистон имрӯз, 13-уми январ, хабар додааст, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 194 варзишгари наврас аз Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва ҳамаи вилоятҳои Узбекистон ширкат карда, аз рӯи 15 дараҷаи... Читать дальше...

Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон бидуни ширкати варзишгарони тоҷик

Ozodi.org 

Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон, ки дар шаҳри Лозанна, дар қасри яхини «Mаlley», баргузор шуд, президенти Швейтсария Симонетта Соммаруга Бозиҳоро кушода эълон кард. Оташи олимпиро Ҷина Зендер, варзишгари навраси швейтсарӣ оид ба рақси рӯи ях, фурӯзон кард.  Дар ин маросим Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ширкаткунандагони Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасонро бо кушодашавии ин чорабинии бузурги варзишӣ табрик карда, варзишгарони наврасро даъват намуд... Читать дальше...

Дархости 22 соли зиндон барои раҳбари пешини "Манзили дастрас"

Ozodi.org 

Намояндаи додситонӣ рӯзи ҷумъаи 10-уми январ аз додгоҳ хост, ки Нурулло Наимов, раиси пешини ширкати "Манзили дастрас"-ро барои 22 сол аз озодӣ маҳрум кунад. Муштариёни "Манзили дастрас" ҳоло нигаронанд, ки баъд аз эълони ҳукм, сарнавишти маблағҳои онҳо чӣ мешавад ва оё онро бозпас гирифта метавонанд ё на. Додситонӣ дар баробари Нуруллоҳ Наимов, барои ҳамроҳони ӯ Рустам Раҷабов 18 сол, Маҳина Раҷабова, Хуҷамқул Расулов, Хуршед Хоҷаев ва Алиев 10-солӣ зиндон талаб кардааст.  Боздошти Наимов ва... Читать дальше...

Барфборӣ дар минтақа. Дар Афғонистон 19 тан аз сардӣ ҷон бохтанд

Ozodi.org 

Тайи чанд рӯзи ахир минтақаи Осиёи Миёна ва Афғонистонро сармои сахт фаро гирифтааст. Дар аксари кишварҳои минтақа рӯзҳои ахир барф борид ва ҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки ҳаво боз сардтар мешавад.  Мақомоти афғон мегӯянд, ки бар асари бориши сахти барф ва борон рӯзҳои гузашта 19 нафар дар ин кишвар ҷон бохтанд. Масъулон дар ин кишвар рӯзи 12-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин афрод рӯзи 11-уми январ бинобар барфбории шадид ва ҳавои сард дар вилоятҳои Ҳирот, Қандаҳор ва Ҳилманд ҷон бохтанд. Читать дальше...

Аз қасри Гулнора Каримова дар Женева 70 ашёи ҳунариро ба Узбекистон бармегардонанд

Ozodi.org 

Додситонии кулли Узбекистон рӯзи 11-уми январ хабар дод, ки мақомоти ин кишвар ҳамроҳ бо мақомоти Швейтсария, Фаронса, Русия, Латвия ва дигар кишварҳо дар мавриди баргардонии дороиҳои Гулнора Каримова ҳамкорӣ доранд. "Ҳамроҳ бо додситонии федеролии Швейтсария, бо ҷалби коршиносон аз Узбекистон муайян кардани тааллуқ доштани мероси миллӣ ва баргардонии 70 ашёи ҳунарӣ (расмҳо, ашёи санъатӣ ва ғайра) ба Узбекистон идома дорад, ки дар қасри марбут ба Гулнора Каримова дар шаҳри Женева пайдо шуда буданд",-омадааст дар хабари додситонии Узбекистон. Читать дальше...

Сарвазири Малта ба хотири куштори рӯзноманигор ба истеъфо рафт

Ozodi.org 

Сарвазири Малта Ҷозеф Мускат дар пайи тафтиши пурмоҷарои куштори рӯзноманигор Дафне Каруана Галисия расман аз мақомаш истеъфо дод. Дафне Каруана Галисия ба таҳқиқи фасодкориҳо машғул буд ва соли 2017 ӯро куштанд. Мошини рӯзноманигор замоне таркид, ки ӯ пушти фармон нишаста буд. Дар робита ба ин куштор се кас боздошт шуд. Охирҳои соли гузашта соҳибкори маъруфи Малта Йорген Фенекро низ бо гумони даст доштан дар қатли рӯзноманигор дастгир карданд. Сарвазири ҳамакнун пешини Малта Ҷозеф Мускат ҳанӯз як моҳ пеш гуфта буд... Читать дальше...

18 корманди кони тиллои Солтон-Сари ихроҷ шуданд

Ozodi.org 

Ширкати "Қирғизолтин"-и Қирғизистон дар пайи як санҷиши дохилӣ 18 корманди тилоҷӯи худро аз кор пеш кардааст. "Дар ҳоли ҳозир Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон бо таҳқиқи қазия машғул аст, вале ба ин нигоҳ накарда корҳо дар кони Солтон-Сарӣ идома доранд",-афзудааст ширкат. Рӯзи 27-уми декабри соли 2019 дар деҳаи Оттуки вилояти Норини Қирғизистон мошинеро боз доштанд, ки 1,5 ҳазор килограм маҳсулоти дорои тилоро интиқол медод. Арзиши он дар бозори сиёҳ ҳудуди 4 миллион сом (наздики 500 ҳазор сомонӣ) аст. Читать дальше...

Вазорати дифои Қазоқистон: оҳанпораи афтода қитъаи мушаки Русия аст

Ozodi.org 

Вазорати дифои Қазоқистон 11 январ гуфт, оҳанпорае, ки 9 январ дар наздикии деҳаи Ногайтаи вилояти Оқтеппа ба замин афтод, як қитъаи мушаки русӣ аст. Мушак ҳангоми тамрини нақшавии Вазорати дифои Русия аз заминҳои ба иҷора гирифтаи Қазоқистон партоб шудааст. Дар иттилоияи Вазорати дифои Қазоқистон навъи мушак ва аз кадом размоишгоҳ партоб шудани он гуфта нашудааст. "Таркише рух надодааст ва дар натиҷаи афтидани оҳанпора касе ё чизе осеб надидааст. Вазъ ба ҷони сокинон хатареро эҷод намекунад", - афзудааст вазорат. Читать дальше...



Москва

Роботы-курьеры «Яндекса» будут доставлять заказы в ещё нескольких районах Москвы


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин объявил о начале сборки «Москвича» по технологии полного цикла



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Сергей Брановицкий

Продвижение Песен, Музыки, Стихов ВКонтакте. Способы и методы увеличения прослушивания песни, музыки, стихов ВКонтакте.




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Третий этап шахматного турнира завершился в Егорьевске

«БЛИЦ», «БИТВА СТРАТЕГИЙ», «ДУАТЛОН» инсайд новых дисциплин в спортивном программировании


Андрей Рублёв

Рублёв в трёх сетах обыграл Маркоса Гирона и вышел в третий круг «Мастерса» в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Подмосковные бадминтонисты выиграли шесть наград в Кубке России



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России