Толори фурудгоҳи Хуҷанд ба рӯи мусофирон боз шуд
Дар фурудгоҳи Хуҷанд дар ниҳоят толори интизориро ба рӯи мусофирону ҳамроҳонашон боз карданд. Бештар аз як сол сокинони вилояту мусофирони дигар ҷойҳо зери барфу борон маҷбур буданд, ки меҳмонони худро дар берун аз фурудгоҳи Хуҷанд мунтазир шаванд.