Иди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи 5 июн таҷлил мешавад
Иди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи 5-уми июн таҷлил хоҳад шуд. Дар ин бора Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 1-уми июн қарор содир кард.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо гуфт, намози ид дар ҳама масҷидҳои кишвар соати шаши субҳ гузошта мешавад.
Як нафари огоҳ аз ҷаласаи Шӯрои уламо хабар дод, дар ҷаласаи рӯзи шанбе масъалаи ҳаққи узвияти масҷидҳо ва “идгардак”-и кӯдаконро низ баҳс кардаанд.
Шӯрои уламо аз сокинон хостааст, дар рӯзи Иди Фитр кумак ба дармондаҳоро фаромӯш накунанд.
Иди Фитр ба як моҳи рӯзадорӣ поён мебахшад. Дар он рӯз сокинон баъди намози ид ба зиёрати оромгоҳҳо ва ё аёдати беморон ва хешу таборон мераванд.
Дар гузашта дар ин рӯз кӯдакон ба хонаи ҳамсоҳо ва наздикон рафта, туҳфа мегирифтанд. Вале ду сол пеш мақомот идгардаки кӯдаконро бо баҳонаи онки зери чархи мошин намонанд ё ба фалокате дучор нашаванд, маҳдуд карданд. Ҳамчунин оростани дастархони калону пур аз нуқлу наво манъ шудааст.