Поёни қаҳвахонаи "Дидор" дар Душанбе
Мақомоти шаҳри Душанбе ба тахриби боз як қаҳвахона дар пойтахт дасту остин барзадаанд. Онҳо гуфтанд, моликони қаҳвахонаи "Дидор" дар маҳаллаи "Воданасос" барои фаъолият санади зарурӣ надоранд ва бинои он худсарона сохта шудааст.