Тоҷикистон ба дарвозаи Юнон 4 гол зад. Юнон ҳам айни корро кард
Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) аввалин бозиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи аввалин ноиби президенти FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол) Валентин Гранаткин дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо мунтахаби наврасони Юнон (U-18) бо ҳисоби мусовии 4:4 анҷом дод.