Духтари 11-сола дар Варзоб ба дарё афтод ва ҷон бохт
Як хонандаи мактаб дар деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб ба дарё афтода, ҷон бохтааст. Мутриба Ваҳҳобидиноваи 11-сола дар синфи чаҳорум мехонд.
Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Мутриба 5-уми июн, дар рӯзи таҷлил аз Иди Фитр, ҳамроҳи хоҳари ҳафтсолааш ба кӯча баромада буд.
"Ҳарду хостаанд, ки аз болои пули чӯбин гузаранд, нохост ба дарё афтодаанд. Ҷасади Мутрибаро дар оромгоҳи деҳа дафн карданд", -- гуфт яке аз наздикони ӯ ба Радиои Озодӣ.
Сафар Шарофов, омӯзгори мактаб дар деҳаи Такоб, низ гуфт, "мардум хоҳари Мутрибаро наҷот доданд, вале натавонистанд, худи ӯро зуд аз об берун кашанд."
Дар гузашта низ баъзе аз хонандагони мактаб ба дарё афтодаанд. Аз ҷумла, моҳи апрели соли гузашта ду духтар – як хонандаи синфи 8 ва як хонандаи синфи 11 дар ноҳияи Рашт ҳангоми суратгирӣ аз болои санг лағжида дар дарёи Сурхоб ғарқ шуданд.