Раҳбарони Чину Русия дар Маскав аз чӣ гуфтанд?
Раҳбарони Чину Русия рӯзи 5-уми июн дар бораи таҳкими равобити миёни Маскаву Пекин суҳбат карданд. Сӣ Ҷинпин бо сафари серӯза дар Русия қарор дорад.
Ду раҳбар дар шаш соли гузашта сӣ бор бо ҳам мулоқот кардаанд ва ин ҳаштумин сафари Сӣ Ҷинпин ба Русия баъд аз соли 2012 будааст.
Равобити миёни Русияву Чин дар ҳоли инкишоф буда, дар ҳоли ҳозир дар беҳтарин ҳолат қарор дорад. Ҳарду ҷониб аз якдигар ҳимоят мекунанд.
Владимир Путин, президенти Русия, таъкид кард, ки Маскаву Пекин ба масоили муҳими ҷаҳонӣ мавқеи яксон доранд. Ӯ хабар дод, ки Маскаву Пекин мувофиқат карданд, дар тиҷорати байниҳамдигарӣ истифодаи рублу юанро тавсеа бахшанд.
Муносибатҳои миёни Маскаву Вашингтон баъд аз буҳрони Украина, ҷанги Сурияу иттиҳомҳои Амрико дар мавриди мудохилаи Русия дар интихоботи президентии ин кишвар дар соли 2016 тира шудааст ва Чин низ бо Амрико танишҳои тиҷоратӣ дорад.
Сӣ Ҷинпин рӯзи чаҳоршанбе дар ҳузури ҳамтои русаш Владимир Путин бо ишораи ғайримустақим ба иқдомҳои Амрико гуфт, "сиёсати истифода аз қувва дар ҳоли шакл гирифтан мебошад".