Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2019

Гулбарг аз саҳнаи театри Полша саргузаштҳои худро мегӯяд

0
Гулбарг аз саҳнаи театри Полша саргузаштҳои худро мегӯяд

Шоми 7 июн дар саҳнаи Zygmunt Hübner Powszechny – як театри Варшава нахустнамоише бо номи «Бонувони паноҳанда» ба саҳна гузошта шуд, ки дар он занҳои муҳоҷир қиссаҳои худро баён мекунанд. Коргардони ин намоишнома Катарина Сингиера мегӯяд, чор зани муҳоҷир аз Тоҷикистон, Ироқ, Доғистону Чеченистон ва ҳамчунин ҳунарпешаҳои Полша аз саргузаштҳои талхи худ қисса мекунанд.

Дар нақши паноҳандаи тоҷик – зане аз Тоҷикистон бо номи Гулбарг Сайфова, модари чор фарзанд аст, ки бо далелҳои сиёсӣ тарки кишвар карда дар Полша муқимӣ шудааст. Ин зан аз рӯзгори осудаву хонаи гармаш дар Тоҷикистон, фаъолиятҳои сиёсӣ ва билохира дар Полша - як кишвари аврупоӣ паноҳанда шуданаш қисса мекунад.

Дар муаррифии намоишнома гуфта мешавад, ки ба идораи умури хориҷиҳои ҳукумати Полша соли 2018 беш аз 4 ҳазор хориҷӣ дар ҷустуҷӯи ҳимояти байналмилалӣ ариза додаанд ва аз миёни онҳо 185 нафар бо чунин ҳимояти ҳуқуқӣ бархурдор шудаанд. «Аз саҳнаи театр аз роҳи баёни саргузаштҳои худ ин занҳо дар бораи муштаракот ва тафовутҳои зиндагиву воқеиятҳои зиндагиашон бо занҳои дигар мегӯянд», навишта шудааст дар муаррифиномаи намоишнома.

Катарина Сингиера дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ дар лаҳзаҳое чанд пеш аз шурӯи намоишнома гуфт, дар Полша муҳоҷирони зиёде зиндагӣ мекунанд ва ин намоишнома бо ҳадафи фароҳам кардани имконият ба муҳоҷирон дар баёни саргузаштҳои онҳо ба саҳна гузошта шуд. «Ман ба занҳои муҳоҷир имкон додам, ки қиссаҳои худро аз замони берун шуданашон аз ватан бигӯянд», мегӯяд коргардон. «Гулбарг аз Тоҷикистон маҷбур шудааст бо сабабҳои сиёсӣ кишварро тарк кунад. Ин зан бо чор кӯдакаш ба Полша ома два ҳоло ӯ дар ин ҷо аст. Ман зарур донистам, ки ба сокинони Полша дар бораи ин муҳоҷирон нақл кунам, чунки бисёри онҳо дар бораи ин мардум ҳеҷ хабаре надоранд. Бисёриҳо дар ин ҷо хаёл мекунанд, ки муҳоҷирон дар ҷустуҷӯи зиндагии хуби иқтисодӣ меоянд. Вале қаҳрамонҳои ман афроди таҳсилкарда ҳастанд ва дар ватанашон зиндагии хубе доштанду маҷбур онро тарк карданд. Ҳоло дар Полша онҳо бояд дубора худро пайдо кунанд».

Коргардон мегӯяд, ки ин намоишнома ба мақомот дар Полша ва Аврупо ҳам паём медиҳад, ки бояд бо муҳоҷирон муносибати хуб раво бинанд, то ки онҳо тавонанд баъди маҳрумиятҳову мушкилот дубора ба зиндагии шоиста рӯ оваранд.

Дар се соли охир садҳо тоҷикистонӣ талош карданд дар  Аврупо ҳаққи паноҳандагӣ бигиранд ва яке аз ин кишварҳо Полша аст, ки аввалинкишвари узви Иттиҳоди Аврупо баъди  тарки қаламрави Беларус – як ҷумҳурии шӯравии собиқ  ва ҳамсарҳади Русия мебошад. Дар миёни паноҳҷӯён фаъолони сиёсӣ, аъзои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯъшудани ҳизби наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24» низ ҳастанд. Раёсати кор бо хориҷиҳои ҳукумати  Полша мегӯяд,  аз соли 2016 то 2019 дар маҷмӯъ 1219 шаҳрванди Тоҷикистон аз Полша дархости паноҳандагӣ кардаанд. Дар маҷмӯъ аз миёни аризадодаҳо 85 нафар посухи мусбат гирифта, 367 нафар посухи манфӣ дарёфт карданд. Боқимондаҳо аз дархости худдаст кашида, ба кишварҳои дигар, ғолибан Аврупои ғарбӣ сафар кардаанд.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин: Музею-заповеднику "Царицыно" – 40 лет





Москва

Стоматолог Владимир Лосев: сколько времени нужно носить брекеты


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Фонд музея-заповедника «Царицыно» собрал 61 тыс. произведений искусства



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Тимати

«Ты кого здесь уму-разуму учить собрался? Берега не путай», — Киркоров получил претензию от Тимати




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)


Елена Рыбакина

Елене Рыбакиной поставили неожиданный «диагноз»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


VIP

Стоматолог Владимир Лосев: сколько времени нужно носить брекеты



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России