Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2019

HRW: Стив Свердлов дар Узбекистон мавриди ҳамлаи лафзӣ қарор гирифт

0
HRW: Стив Свердлов дар Узбекистон мавриди ҳамлаи лафзӣ қарор гирифт

Муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар созмони байналмилалии Human Rights Watch Стив Свердлов, ки бо ҳадафи анҷоми таҳқиқот дар заминаи поймолшавии ҳуқуқ дар шаҳри Тошканд қарор дошт, рӯзи 13 июн мавриди ҳамлаи лафзӣ қарор гирифт. HRW бо пахши изҳороте  ҳамла ба пажӯҳишгари созмонро ҳамчун бахше аз маъракаи зидди ин созмони ҳомии ҳуқуқ, фаъолон ва журналистон дар Узбекистон маҳкум кард.  Мавқеи ҳукумати Узбекистон ба ин ҳодиса маълум нест. 

Дар изҳорот омадааст, ки  як видеоблоггери узбек Сардор Комилов ва чор нафари дигар рӯзи панҷшанбе ба меҳмонхонае, ки дар он Свердлов қарор дошт, ворид шуданд. Комилов дар даромадгоҳи меҳмонхона гуфт, ки ӯ меҳмони Свердлов буда, вонамуд кард, ки ба хотири дарёфти ёрии HRW барои дидор бо Свердлов омадааст. То ҳол худи Комилов ҳам ин ҳодисаро шарҳ надодааст. ​

Замоне, ки Свердлов поён омад, Комилов ва дигар нафарон ӯро ҳалқа гирифта нагузоштанд ҳаракат кунад ва дар давоми 20 дақиқа ӯро наворбардорӣ карданд. Комилов ба Свердлов ҳамлаи густардаи лафзӣ ташкил кард, ӯро пайваста таҳқир менамуд ва дар кадом гуноҳҳое айбдор менамуданд. Пеш аз тарки макон кардан ба Свердлов гуфтанд, ки “аз Узбекистон дафъ шавад”.

Кеннет Рот, раҳбари иҷроияи созмони HRW ин ҳодисаро маҳкум карда навишт, ки созмони “HRW аз мутахассиси худ пурра ҷонибдорӣ ва чунин як ҳамлаи ифлосро маҳкум мекунад”. Рот гуфтааст, ки ин ҳамла бахше аз маъракаи калони зидди созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аст, ки дар Узбекистон ҷараён дорад ва ҳадафи он беобрӯ кардани фаъолони ҳуқуқ мебошад.

HRW, ки аз соли 2017 дубора тавонист вориди Узбекистон шуда бо мақомоти ин кишвар роҷеъ ба мушкилоти ҳуқуқи башар сӯҳбат кунад ва иҷозаи баргузории таҳқиқот дар заминаи вазъи ҳуқуқи башарро шурӯъ кунад, ин навбат мегӯяд, ки шароит тағйир ёфтааст.  Дар бораи нигарониҳои худ аз дубора бад шудани вазъият чанд мақомдор дар сӯҳбат бо Свердлов ҳам хабар додаанд.

То ҳол ҳукумати Узбекистон дар бораи ин ҳодиса ва сабабҳои даст ба ҳамла задани гурӯҳи шаҳрвандонаш чизе нашр накардааст.  Президент Шавкат Мирзиёев, ки соли 2016 сари қудрат омада гуфт, ки аз паи ислоҳоти сиёсӣ мешавад, барои талоши заъифаш дар заминаи ислоҳи вазъи ҳуқуқи башар ахиран мавриди интиқод қарор гирифтааст.





Губернаторы России
Москва

Собянин: трасса из Солнцева до Варшавского шоссе откроется в 2026 году





Москва

Сотрудники Росгвардии задержали устроившего стрельбу с балкона мужчину в Подмосковье 


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Трасса Солнцево — Бутово — Варшавское шоссе будет готова в 2026 году



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Александр Розенбаум

Пугачева, слова об СВО, суд из-за пива: как живет певец Александр Розенбаум




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Аделина Панина: какие элементы фэншуй должны быть на кухне, чтобы есть и худеть

При поддержке MR Group прошел полумарафон «ЗаБег.РФ»

САРАТОВСКИЕ СОТРУДНИКИ РОСГВАРДИИ ЗАНЯЛИ ПРИЗОВЫЕ МЕСТА НА ЧЕМПИОНАТЕ ПО СПОРТИВНОМУ ОРИЕНТИРОВАНИЮ


WTA

Касаткина опустилась на 13-ю строчку в рейтинге WTA, Рахимова поднялась на 18



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Сотрудники Росгвардии задержали устроившего стрельбу с балкона мужчину в Подмосковье 



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России