Текебоев: барои ҳабси Отамбоев набояд шитоб кард
Раҳбари зиндонии Ҳизби мухолифи "Ота Макон"-и Қирғизистон Омурбек Текебоев 16-уми июн бо Бахши қирғизии Радиои Озодӣ суҳбат карда, назари худро дар робита ба равандҳои сиёсии ҷорӣ дар ин кишвар баён дошт. Аз ҷумла, ӯ ба қазияи талоши бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон барои бекор кардани дахлнопазирии президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев дахл кард.
"Ман яке аз онҳое ҳастам, ки мехоҳам ҷойгоҳи Отамбоев дар таърихи Қирғизистон ва зарарҳои расондаи ӯ ба кишвар исбот ва муайян карда шавад. Албатта, инро ба хотири қасос гирифтан барои ҳабси худ намегӯям. Дар бораи қонуншиканиҳои Отамбоев ҳанӯз дар соли 2016 гуфта будам ва маҳз барои ин маро ҳабс карданд. Бинобар ин, мехоҳам кореро, ки ҳизби мо дар соли 2016 оғоз карда буд, то охир расонда шавад. Вале набояд шитоб кард. Намехоҳам, ки ӯро зуд зиндонӣ кунанд ва каме дертар дубора озод шавад. Барои эъломи айб бояд хуб таҳқиқ ва далелҳоро пайдо кард",-изҳор дошт Текебоев.
Порлумони Қирғизистон 13-уми июн барои омӯзиш ва эъломи айб зидди Алмосбек Отамбоев ва бекор кардани дахлнопазирии ӯ ҳамчун президенти пешин комиссияи махсусеро ташкил кард. Канатбек Исоев, вакили порлумони Қирғизистон ва ташаббускори ҷамъоварии имзои вакилон гуфт, шаст тан аз ҳамкоронаш бекор кардани дахлнопазирии Отамбоевро ҷонибдорӣ карданд.
Отамбоев аз соли 2011 то 2017 президенти Қирғизистон буд. 8-уми июн вай дар як гирдиҳамоӣ ширкат ва дар суханрониаш ҳукумати феълиро танқид кард. Дар ҷаласаи рӯзи 12-уми июн бархе аз вакилони порлумон дар посух давраи роҳбарии Отамбоевро танқид карданд.